Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон зидди ҷанги Русия бо Украина эътироз карданд


Рӯзи 6-уми март садҳо нафар дар Алмато ба хиёбон баромаданд.
Рӯзи 6-уми март садҳо нафар дар Алмато ба хиёбон баромаданд.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 6-уми март зидди ҳуҷуми Русия ба Украина бархе сокинон эътироз карданд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки тақрибан дар ин эътироз аз се то панҷ ҳазор нафар иштирок кардааст.

Эътирозгарон дар даст парчами Украинаро доштанд ва бо шиори "Зинда бод Украина", "Путин, Гаага, зиндон!" дар хиёбонҳо қадам заданд.

Бархе шиор доданд, ки “агар пеши роҳи ҷанг гирифта нашавад, навбати Қазоқистон хоҳад буд.”

Эътирозгарон аз ҳукумати Қазоқистон низ танқид карданд, ки дар СММ зидди ҷанги Русия бо Украина овоз надодааст.

Давлат Абдулқосимов, як созмондиҳандаи эътироз гуфт, ки “ин эътироз зидди мардуми Русияву Украина нест, балки зидди Путин ва ҷанг аст.”

Ҷанги Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин амали Русияро маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG