Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина нерӯҳои Русияро ба нақзи оташбас гунаҳкор кард


Мариупол
Мариупол

Мақомоти Украина гуфтанд, бо вуҷуди эъломи расмии Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия оташбаси муваққатро дар Мариупол ва Волноваха поймол карданд. Ба ин далел, нақшаи берун бурдани аҳолии осоишта иҷро нашудааст.

Вазорати дифои Русия 5-уми март дар Мариупол ва Волновахаи Украина оташбаси муваққат эълон кард, то аҳолии осоишта онҷоро тарк кунанд. Вале ҳамлаҳои сарбозони Русия дар минтақаҳои дигари Украина идома дорад.

Ҳукумати Украина нақша дорад, тақрибан 200 ҳазор нафарро аз Мариупол ва 15 ҳазор касро аз Волноваха берун барад.

Мақомоти шаҳри Мариупол дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, "ба далели он ки ҷониби Русия оташбасро риоя намекунад ва ба тирпарронӣ дар Мариупол ва атрофи он идома медиҳад, берун бурдани аҳолӣ мутаваққиф шуд." Онҳо аз сокинони Мариупол хостаанд, ба паноҳгоҳҳои худ баргарданд.

Ирина Верешук, муовини нахуствазири Украина, рӯзи 5-уми март дар изҳороти видеоӣ гуфт, Русия "созишномаро нақз кард" ва бо вуҷуди миёнравии Салиби Сурх "шаҳри Волновахаро тирборон мекунад".

Верешук аз идомаи ҳамлаҳо бо "силоҳи вазнин" ёдовар шуд ва аз ҷониби Русия хост, "тирборонро бас кунад, оташбасро барқарор намояд ва ба берун рафтани занону кӯдакон ва пиронсолон имкон диҳад.”

Маълум нест, ки рӯзи 5-уми март ҳамлаҳои Русия дар ягон гӯшаи Украина бас шудааст ё не.

XS
SM
MD
LG