Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Қирғизистонро бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт карданд


Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.
Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 1-уми март хабар дод, як шаҳрванди ин кишвар бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт шудааст. Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, Достматов, соли таваллудаш 1981 ҳанӯз рӯзи 23 феврал боздошт шудааст.

"Бино ба иттилои мавҷуд, шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми ҳодисаҳое, ки дар дархости Тоҷикистон зикр шудааст, дар ҳудуди Русия қарор дошт. Ҳоло интизори асоснок кардани ин далел ҳастем, ки бо санаду ҳуҷҷат беасос будани парванда нисбати Достматов исбот карда шавад", - хабар доданд дар сафорати Қирғизистон.

Пештар аз ин дар Русия бо дархости ҷониби Қирғизистон чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, ки дар иштирок дар ҷанҷолҳои наздимарзӣ гумонбар мешуданд. Аммо Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Қирғизистон истирдод накард. Шаҳрвандони Қирғизистонро низ бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт кардаву дубора раҳо карда буданд.

XS
SM
MD
LG