Президенти Амрико 24-уми феврал гуфт, алайҳи Русия барои ҳамла ба Украина таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ҷо Байден ҳамлаи Русияро ба Украина "нақзи фоҳиши қонунҳои байнулмилалӣ" хонд. Ин ҳамла субҳи 24-уми феврал оғоз шуд.
"Путин мутаҷовиз (таҷовузкор) аст ва ҷангро интихоб кард ва акнун ӯ ва кишвараш бо оқибатҳои он рӯбарӯ хоҳанд шуд," – гуфт Байден. Раисиҷумҳури Амрико пешгӯйӣ кардааст, ки Владимир Путин дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун шахси манфур хоҳад монд ва афзудааст, ки нияти гуфтугӯ бо вайро надорад.
Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе аз банд шудани дороиҳои чаҳор бонки Русия иттилоъ дод, аммо гуфт, таҳримҳои ҷадид дар ҳоли ҳозир шомили қатъи дастрасии Русия ба низоми байнулмилалии SWIFT нахоҳанд шуд.
Вай дар суханоне, ки ба таври зинда аз Кохи Сафед пахш мешуд, афзуд, таҳримҳо беш аз ниме аз воридоти фанновариҳои пешрафтаро ба Русия қатъ хоҳанд кард. Элитаҳои Русия ва пайвандони онҳо низ дар феҳристи таҳримҳои нави Вашингтон қарор доранд.
Дар айни замон раисиҷумҳури Амрико таъкид кард, ки нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида барои ҷанг вориди хоки Украина нахоҳанд шуд.