Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо танбеҳ ва се парванда ба зидди нозирони андоз. Қонун нав шуд, мушкил монд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Идораи молиёт ё андоз дар вилояти Суғд гуфтанд, ки дар як соли охир ба садҳо корманди худ танбеҳ дода, даҳҳо нафарро аз кор ронданд. Дастикам ба зидди се нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаст. Мавқеи нозирони андоз ба масъала дастрас нест. Баъзе аз соҳибкорону сокинон аз шеваи рафтори онҳо шикоят доштанд.

Абдуқаюм Воҳидов, раиси Идораи андоз дар вилояти Суғд, ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт, “ба 302 нафар танбеҳи қатъӣ дода шуд. 32 кас сарзаниш шуданд, 70 нафар аз мансаб озод гардиданд.”

Ба иттилои ӯ, се зердасти собиқаш бо гумони “қаллобӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки “дар сурати исботи гунаҳкорияшон, ба онҳо аз ду то панҷ сол зиндон ё ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад.” Раиси Идораи молиёти Суғд дар бораи парванда ҷузъиёт надод.

Наворро дар инҷо бинед:

Идораи андози Суғд исрор меварзад, ки аз ходимони табаҳкор халос мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта баъзе аз соҳибкорон ошкоро аз амалкарди масъулони Идораи андоз дар вилоят шикоят доштанд. Аз ҷумла, соли 2019 молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар шаҳри Бӯстон ба дари корхонааш навишта буд, ки коргоҳашро мефурӯшад, “чун нозирони андоз аз ӯ ҳақ металабанд”.

Чанде аз нозирони андоз нахостанд, дар мавриди корашон ошкоро суҳбат кунанд. Аммо дар суҳбатҳои худмонӣ гуфтанд, ки масъулияти пур кардани нақша ба дӯши онҳост ва баъзан аз ночорӣ соҳибкоронро “сахт” мегиранд. Айни замон онҳо тоҷиронро ба саривақт насупурдани андоз ё пинҳон кардани бахше аз даромад муттаҳам донистанд.

Абдуқаюм Воҳидов, раиси Идораи андози Суғд, гуфт, соли гузашта баъзе аз нақшаҳо дар мавриди ҷамъоварии андоз дар вилоят иҷро нашуд. Ӯ афзуд: “Ба ин сабаб дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят 101 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд. Дар умум, як намуди андозро таъмин карда натавонистем, андоз аз истифодабарандаҳои роҳи мошингард.”

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, “соли гузашта шумори андозсупорандаҳо бамаротиб зиёд ва сафи қарздорони калон кам шуд.”

Баҳси андозу молиётгирӣ, як бахши муҳими пур кардани буҷет дар Тоҷикистон, солҳо боз вуҷуд дорад. Соҳибкорон ҳамвора тафтишҳои зиёд, аз ҷумла ҳар чанд вайт пайдо шудани нозирони андозро дар маҳалли кору нуқтаҳои тиҷораташон танқид мекунанд. Мақомот пайваста тоҷиронро ба пинҳонкорӣ муттаҳам медонанд.

Соли гузашта, дар пайи баҳсу баррасиҳои зиёд, қонуни андозро дар Тоҷикистон нав карданд. Ба иттилои расмӣ, он ба соҳибкорону сармоягузорон сабукиҳои зиёд додааст, вале шикоятҳо аз шеваи ситондани молиёт дар кишвар ҳамоно кам нашудааст.

XS
SM
MD
LG