Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ба кор дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон (на)мераванд?


Дар як соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз се  ҳазор хидматчии давлатӣ корро тарк кардаанд ва ин омор, ба қавли мақомот,  дар қиёс  бо як соли пеш афзоиш ёфтааст.

Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо шумули нафароне, ки аз мақомҳояшон барканор шудаанд, ин омор бештар мебошад. Ҷумъа Давлат гуфт:

"Аз мансабҳои ишғолкарда озод шуданд: 5 ҳазору 501 нафар, (аз инҳо) 3 ҳазору 106 нафар бо хоҳиши худ, 271 нафар бино бар ба синни ниҳоӣ расидан, 16 нафар бино бар вафот, 37 нафар бо амру фармонҳои президент ва қарорҳои ҳукумат, 1 ҳазору 580 нафар бино бар гузариш ба дигар мансаб, 107 бино бар таҷдиди сохтор, 16 нафар аз сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати шартнома...".

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2020 шумораи хидматчиёни давлатие, ки аз кор рафтаанд, 1431 нафар будааст, ки омори як соли баъдӣ дар муқоиса ба ин ба маротиб бештар аст.

1400 сомонӣ маош. Шикоят набуд?

Дар ҳоле ки намояндагони оҷонсӣ сабаби аз кор рафтани хидматчиёни давлатиро шарҳ намедиҳанд, коршиносон чунин равандро ба омилҳои гуногун, аз қабили паст будани маош рабт медиҳанд. Вале Ҷумъа Давлат мегӯяд, маоши миёнаи хидматчиёни давлатӣ “каме бештар аз 1400 сомонӣ аст” ва, ба таъкиди ӯ, “аз кам будани маош шикояте ба унвонии ниҳои зери раҳбарияш нарасидааст”.

Аз шумори умумии хидматчиёни давлатие, ки корро тарк намудаанд, аксарият ба мақомоти маҳаллӣ дар минтақаҳо рабт мегиранд. Мадина Саидова, намояндаи Оҷонсии хизмати давлатӣ рӯзи 15-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз афроде, ки корро бас кардаанд, 157 тан ба Бадахшон, 301 нафар ба Суғд, 742 нафар ба Хатлон, 162 кас ба Душанбе ва 368 нафар ба шаҳру навоҳии тобеи марказ рост меояд".

Бо ин ки мақомоти баландпоя дар бораи шикоят аз камии маош хабар надоранд, ба назари коршиносони бетараф, ҳар кор, ба вижа дар ҳукумат, ба ғайр аз эътибори ҷамъиятиаш, пеш аз ҳама аз ҷиҳати таъминоти молӣ мавриди таваҷҷӯҳ мебошад. Камии маош дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳарфи наве нест, вале мақомот сӯҳбат дар ин мавзӯъро ба таври ошкор хуш надоранд. Вале ба андешаи

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, маҳз паст будани маоши кормандони давлатӣ яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани хидматчиён мешавад. Ӯ дар мисоли худ гуфт:

"Ман худам хизматчии давлатӣ будам. (Он ҷо) имтиёзҳои иҷтимоӣ нест, маош паст аст, бо маоши 1300-1400 сомонӣ кӣ кор мекунад? Баромада мераванд ё ба тиҷорат ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ", - гуфт Фозилҷон Фатҳуллоев.

Баъзеи дигар бар инанд, ки танҳо омилҳои иқтисодӣ наметавонад сабаби аз кор рафтани хидматчиёни давлатӣ шавад.

Чаро табибони тоҷик муҳоҷир мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Фасод, хешутаборбозӣ, фазои корӣ...

Шӯҳрат Латипов, коршиноси масоили иҷтимоӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар як сабаби аз кор рафтани хидматчиёни давлатӣ кам будани маош бошад, сабаби асосӣ ин дигар шудани роҳбарон ва тиме, ки он роҳбар интихоб мекунад. Ба гуфтаи ӯ: "Асосан дар мақомоти маҳаллии давлатӣ як зинае аст, ки барои баромадан ба зинаҳои болоӣ, яъне аз маҳал ба шаҳр, аз шаҳр ба вилоят, аз вилоят ба ҷумҳурӣ (замина мешавад). Мутаассифона, дар маҳалҳо ҳар роҳбар тими худро ташкил медиҳад аз ҳамин сабаб дигарон аз кор мераванд".

Бархе огоҳон, вуҷуди омилҳои хешутаборбозӣ, фазои номуносиби корӣ, фасод ва набуди бархурди якхела ба ҳама мутахассисонро аз омилҳои аслии аз кор рафтани хидматчиёни давлатӣ меноманд.

Намояндагони Оҷонсии хидмати давлатӣ бар ин назаранд, ки бо вуҷуди аз кор рафтани кормандон, дар соли 2021 тариқи озмуни ҷойҳои кории холӣ 574 нафар бори нахуст ҳамчун хидматчии давлатӣ ба кор ҷалб шудаанд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои ин ниҳод, соли 2021 аз тариқи озмунҳо барои ишғоли вазифа 3 ҳазору 61 нафар ба мансабҳои гуногун таъин шудаанд.

Вале бар асоси маълумоти варақаи иттилотии Оҷонсии хидмати давлатӣ, ки ба хабарнигорон пешниҳод шуд, дар озмунҳо барои ҳар як мансаби холӣ 1,7 довталаб рост меомадааст. Аз раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ пурсида шуд, ки чаро чунин аст ва оё ин ба маънии коҳиши обрӯ ё таваҷҷӯҳи кам ба кори хидматчии давлатӣ нест? Ба пурсишҳои батакрор Ҷумъа Давлат, раиси ин оҷонсӣ посух дод, ки сабаби асосиро дар кам тарғиб намудани мансабҳои давлатӣ мебинанд.

Чунин рақобат барои ширкат дар озмунҳои вазифаҳои холии хидматчии давлатӣ дар ҳолест, ки дар гузашта ниҳодҳои алоҳидае ба мисли Оҷонсии коррупсияву Хадамоти гумруку андоз аз афзоши таваҷҷӯҳи довталабон ба ҷойҳои кори холӣ дар ин идораҳо хабар дода буданд.

Ба қавли Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, таваҷҷӯҳ ба кор дар идораҳои калидӣ дар муқоиса ба мақомоти маҳаллӣ барои он бештар аст, ки дар он ҷойҳо омилҳои коррупсия бештар буда, корманд танҳо ба умеди маош намемонад ва манбаҳои дигари даромад низ дорад. Ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 18 ҳазору 701 хидматчии давлатӣ кор мекунанд, ки аз ин 24,1 фисадаш занон ва 48,8 фисадро ҷавонон ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG