Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеоҳои ҷудоиталабони украинӣ бо даъват ба тарки минтақа "ду рӯз пеш сабт шудаанд"


Таҳқиқи фаннии видеое, ки дар он Денис Пушилин сӯҳбат мекунад, нишон дод, ки он на 18, балки 16-уми феврал сабт шудааст
Таҳқиқи фаннии видеое, ки дар он Денис Пушилин сӯҳбат мекунад, нишон дод, ки он на 18, балки 16-уми феврал сабт шудааст

Як таҳқиқи фаннӣ нишон дод, ки наворҳои видеоии ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Украниа, ки ба тарки изтирории макон амр медиҳанду рӯзи 18 феврал нашр шудааст, дар асл рӯзи 16-уми феврал сабт шуда буданд. Таҳқиқи метадатаи наворҳои видеоӣ бар асоси нашрҳои ин сабтҳо дар Телеграм канал аз ҷониби Бахши русии радиои Озодӣ анҷом шудааст. Дар як навори видеоие, ки онро рӯзи 18 феврал Денис Пушилин, раҳбари амалии минтақаи ҷудоиталаби Донетск дар Телеграм канал нашр кард, иддао мекунад, ки шумори низомиёни украиниву аслиҳаи онҳо дар хати тамос афзоиш ёфтааст. Ӯ амр дод, ки ҳама аз минтақа берун шаванд ва иддао кард, ки базудӣ президент Владимир Зеленский амр медиҳад, ки низомиён ба минтақаҳои Донетску Луҳанск «ворид шаванд». Айни чунин даъватро раҳбари минтақаи Луҳанск ҳам кардааст. Вале таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин даъватҳо аслан 16 феврал садо дода, тарки минтақа як кори аз пеш барномарезишуда будааст. Дар паи ин изҳорот як мақоми ҳукумати украинӣ гуфт, ки ҳеҷ гуна шурӯи амалиёти низомӣ дар шарқи Укрина дар назар нест. Кохи Сафед дар як ҳушдораш ҷудоиталабонеро, ки Донетску Луҳанскро зери назар доранд, дар он муттаҳам кард, ки барои ҳуҷум ба Украина баҳона омода мекунанд.

XS
SM
MD
LG