Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Геологҳои тоҷик тавсия додаанд, даҳҳо оила ба ҷойи амн кӯч дода шаванд


Дар Тоҷикистон солона садҳо хона дар натиҷаи обхезӣ осеб мебинанд.
Дар Тоҷикистон солона садҳо хона дар натиҷаи обхезӣ осеб мебинанд.

Як таҳқиқоти геологӣ дар Тоҷикистон 51 мавзеи хатарнок барои зиндагиро ошкор кардааст ва бояд хонаводаҳо ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ин пажӯҳиш дар 886 ноҳияву деҳа ва маҳаллаҳои кишвар гузаронида шудааст.

Масъулини саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯянд, маконҳои хатарнок бештар аз ҳама дар ноҳияи Масчоҳи куҳӣ ошкор шудаанд. Муттахассисон ҳушдор додаад, ки аз 18 мавзеи ин ноҳия бояд 94 оила кучонида шавад. Соли гузашта ба ҳамин далел 375 оила дар Вилояти Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз маҳалҳои зисти худ кучонида шуда буданд.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон беш аз 1000 мавзеҳои хатарнок барои зиндагӣ сабт шудаанд. Дар нисфе аз онҳо хатари сар задани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода хеле зиёд аст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба мисли тармаву лағжиши хок ва селу обхезӣ аст ва кишвар солона аз фалокатҳо миллионҳо доллар хисорот мебинад.

XS
SM
MD
LG