Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш гуфт, Шоҳида Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст


Шоҳида Маҳмадҷонова ва писараш Шерзод Маҳмадҷонов
Шоҳида Маҳмадҷонова ва писараш Шерзод Маҳмадҷонов

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷоновро ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО бурдаанд. Маҳмадҷонова 3-юми феврали имсол боздошт ва ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам шуд. Пайвандонаш иттиҳомро намепазиранд. Онҳо мегӯянд, Шоҳида Маҳмадҷонова барои танқидҳои писараш аз амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. Шерзод Маҳмадҷонов дар Олмон қарор дорад.

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, «ду рӯз боз ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе хӯрок мебарем.»

Пештар наздиконаш гуфта буданд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар тавқифгоҳ ё ИВС-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигоҳдорӣ мешавад.

Идимо Маҳмадҷонова афзуд, бо гузашти ду ҳафта аз боздошти духтараш то ҳол ӯро надидаанд. «Хӯрок мебарем, кормандони СИЗО мегиранд, вале ӯро ба мо нишон намедиҳанд,» -- афзуд модари Шоҳида Маҳмадҷонова.

Мақомот ба ҷуз аз як хабари расмӣ дар бораи боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова, дигар ҳеч шарҳе намедиҳанд. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоят аз Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ ҷудо кардааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24» муттаҳам мешавад. Аммо онҳо ин иттиҳомро ба такрор рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG