Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Калуга тафтиши муҳоҷиронро сахттар кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Афзоиши тафтишу рейд ё амалиёти зидди муҳоҷирон дар вилояти Калугаи Русия аксар онҳоеро, ки барои кору зиндагӣ ба ин минтақа рафтаанд, ба ташвиш овардааст.

Мақомот дар Калуга бо нигаронӣ аз шумораи беш аз ҳадди муҳоҷирон дар ин минтақа ба тафтиши онҳо шуруъ карданд. Дар ин бора Владислав Шапша, раҳбари вилояти Калуга ба расонаҳои Русия хабар додааст.

Ба иттилои ӯ, дар пайи ин тафтишҳо барои нақзи қоидаҳои будубош 60 муҳоҷир дастгир шуданд. Бархеро ба кишварҳояшон рондаанд. Чанд рӯз пеш мақомоти вилояти Калуга эълон карданд, ки кори муҳоҷирон дар бисёре аз бахшҳо, аз ҷумла дар соҳаи савдову ғизо ва нақлиёти мусофирбару таксӣ манъ шуд.

Сухангӯи ҳукумати Калуга хабар дода буд, ки ба корфармоён дар вилоят 3 моҳ муҳлат додаанд, то ба ҷойи муҳоҷирон шаҳрвандони Русияро ба кор қабул кунанд.

Волии Калуга, Владислав Шапша, сабаби ин тасмимро ба телевизиони РБК шарҳ дода, гуфтааст, шумори муҳоҷирон дар вилоят аз ҳад зиёд аст. Дар ин вилояти Русия 50 ҳазор муҳоҷир кору зиндагӣ доштаанд.

Қарори раиси вилояти Калуга дар бораи маҳдуд кардани кори муҳоҷирон дар ин минтақа дар ҳолест, ки дар Русия тайи чанд моҳи охир масъалаи ба ҷойи муҳоҷирон ба кор гирифтани зиндониёнро баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG