Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши амалиёти зидди муҳоҷирон дар Маскав. Коршинос: "Ба қасосгирӣ монанд аст." ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфтанд, дар як ҳафтаи охир тафтишу боздошти онҳо аз ҷониби пулис бештар шудааст. Аксари онҳое, ки чунин шикоят мекунанд, дар минтақаи Истраи вилояти Маскав кору зиндагӣ доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ба ин назаранд, ки фишор ба муҳоҷирон пас аз ҳамла ба фурӯшгоҳи "Пятёрочка" дар Истра афзудааст. Дар ин ҳодиса дар шаби 9-уми феврали имсол муҳосиби 51-сола кушта ва соҳиби мағоза ва ҳамсараш захмӣ шуданд. Мақомоти Русия се нафарро дастгир карданд. Ҳарчанд миллати шахсони боздоштшударо зикр накарданд, расонаҳои Русия фавран навиштанд, ки "ғоратгарон зодаи Тоҷикистон ҳастанд".

"Амр шудааст, тафтиш мекунанд"

Умаршоҳ, муҳоҷири тоҷик дар Истра, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ин ҳодиса фишор ба онҳо зиёд шуд ва кормандони пулис бо муҳоҷирон "бархурди хеле хашин доранд". Вай гуфт, баъзе аз кормандони пулис ҳангоми тафтиши онҳо иқрор мешаванд, ки бояд минтақаро аз ғоратгарони эҳтимолӣ пок кунанд. Пулис ин иддаоро тасдиқ ва рад накард.

"Барои кадом аҳмақе, ки ғоратгарӣ кардааст, ҳамаи моро азоб медиҳанд. Бе ин ҳодиса ҳам азоб доштем. Ҳоло зиёдтар шудааст. Такрор ба такрор тафтиш доранд," – нақл кард ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Баъди ҳамлаи маргбор ба фурӯшгоҳ боздошту азияти муҳоҷирон дар вилояти Маскав афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

"Ниқоб надошт, дасташро баста бурданд"

Аз лаҳзаи боздошти муҳоҷирон ба мо як навор фиристоданд. Дар он дида мешавад, ки кормандони пулис ба зӯр дасти муҳоҷиреро баста мебаранд. Шахсе, ки видеоро сабт кардааст, дар суҳбат ба мо гуфт, ҳодиса 14-уми феврал рӯй дод. Ӯ нахост номашро зикр кунем, вале гуфт, "танҳо барои он ки ниқоб надорад, дасти муҳоҷирро баста бурданд. Ду рӯз боз аз ӯ хабар нест."

Муҳаммадҷон Собиров
Муҳаммадҷон Собиров

Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, дар як ҳафтаи охир ба ҳисоби онҳо наздик ба сад нафарро дар Истра боздошт кардаанд. Вай афзуд, пеш аз ин ҳам чунин тафтишҳо буд, вале коре, ки ҳоло дар Истра анҷом мешавад, як навъ "ба қасосгирӣ монанд аст".

Дар идораи пулис ва сафорат чӣ гуфтанд?

Дар Идораи пулиси Истра рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ тафтиши саросарии муҳоҷиронро тасдиқ ё рад накарданд. Дар ин идора ба мо гуфтанд, ба ин суол танҳо бо мактуб ҷавоб медиҳанд.

Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, воқеан, аз муҳоҷирони боздоштшуда шикоят гирифтаанд, вале кам ё бештар шудани муҳоҷирон аз ин ё он минтақаи Русияро тасдиқ карда наметавонанд. Як масъули дафтари матбуотии сафорат гуфт, маъмулан мақомоти Русия дар бораи гузаронидани рейд ба онҳо маълумот намедиҳанд ва "танҳо дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон вокуниш нишон медиҳанд."

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд на ҳама боздоштшудаҳо ихроҷ мешаванд, онҳоро давоми як рӯз дар шуъбаҳои пулис азият медиҳанд.

Ҳоло бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бисёриҳо эҷоди ҷойҳои нави кориро дар кишвар яке аз роҳҳои ҳалли масъала медонанд. Чизе, ки баръакси он мушоҳида мешавад. Нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон боло рафта, маош ночиз аст ва бекорӣ афзун мешавад. Ин омил боис мегардад, ки шаҳрвандони бештаре бо хонаводаҳои худ рӯй ба муҳоҷират биоранд.

XS
SM
MD
LG