Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф гуфт, ҳангоми фурӯ рафтани боми мактаб дар Хатлон касе зарар надидааст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар ҷои бинои тахрибшудаи мактабе дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “дар доираи имконият” синфхонаҳои нав бунёд хоҳад кард.

Нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ин ноҳия боми синфхонаҳо замоне, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, фурӯ рафт.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 12-уми феврал гуфтааст, биное, ки бомаш фурӯ рафт, аз шаш синфхона иборат буд ва дар он ҷо “258 нафар хонандагони синфҳои 5, 8, 10, 11 таҳсил мекарданд.” Дар ин ҳодиса як синфхона ва утоқи кории директор хароб шудааст ва ба гуфтаи Вазорат, “қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд.”
Аксҳо аз сомонаи нашрияи "Фараж" гирифта шудаанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG