Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, танҳо як дарсади аҳолии Суғд бекоранд. Сокинон бовар надоранд. ВИДЕО


Аксари сокинони вилояти Суғд ба кишоварзӣ машғуланд. Акси як деҳқон аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғд.
Аксари сокинони вилояти Суғд ба кишоварзӣ машғуланд. Акси як деҳқон аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғд.

Дар шабу рӯзе, ки раванди муҳоҷиршавии омӯзгорону табибон бархе мансабдорон ва доираи таҳлилгарону коршиносонро ба ташвиш овардааст, эълони омори бекорон дар вилояти Суғд низ бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт.

Масъулони Раёсати шуғли аҳолии ин минтақа дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки ҳоло 1 фоизи сокинони қобили кор расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳашт ҳазор корҷӯ дар Суғд

Мақомот мегӯянд, шумораи расмии бекорон дар шимоли Тоҷикистон назар ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Ҳоло ба гуфтаи масъулони Раёсати шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ҳудуди 8 ҳазор нафар сокинони қобили кор худро дар 18 шаҳру навоҳии ин минтақа дар қайд гузоштаанд. Ин нишондод назар ба як сол пеш 0,3 дарсад кам шуда ва ҳоло ба гуфтаи мақомот, ҳамагӣ 1 фоизи аҳолии вилояти Суғд дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд. Оморе, ки бисёриҳо ба он бовар доранд, вале Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, даҳҳо ярмаркаи ҷойҳои корӣ холӣ гузарониданд ва садҳо нафарро соҳиби ҷойи кор намуданд. Ӯ гуфт, дар ин маъракаҳо корфармоёнро ҷалб мекунанд, ки худашон ба корҷӯён шароити корро мефаҳмонанд.

Саиднабӣ чаро кор наёфт?

Ин ниҳод омори бекоронро вобаста ба муроҷиати корҷӯён сабт мекунад. Аксари корӯён мегӯянд, ба кор пайдо кардани ин ниҳод ба бекорон бовар надоранд ва худро дар онҷо ҳамчун бекор сабти ном намекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Саиднабӣ Мухторзода, аз ҷумлаи онҳоест, ки аз ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ ба маркази вилоят барои мардикорӣ меояд. Ӯ корманди соҳаи барқрасонӣ аст, вале мегӯяд, бо ин ихтисос расман кор пайдо накардааст. “Ба идораи барқи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ барои кор муроҷиат кардам, вале гуфтанд, ки ҳоло ҷойи кори холӣ нест. Гуфтанд, кор шавад, хабар медиҳем, вале хабар надоданд. Баъд ба шаҳри Хуҷанд омадам.”,--гуфт ӯ.

Ширинбек Хизирбеков, мардикори дигар мегӯяд, воқеан барояш кор пешниҳод карда буданд, вале бо маоши хеле кам. “Нимашро таъомпулӣ мекунӣ, нимашро роҳкиро мекунӣ ва дар охир пули ночиз мемонад. Назар ба он дар инҷо агар барои 30 ё 40 сомонӣ кор кунем, худамон ба худамон хуҷаин ҳастем ва кадом вақте хоҳем, омада меравем.”—гуфт ӯ.

220 ҳазор муҳоҷир аз вилояти Суғд дар хориҷ

Солона садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бино ба иттилои Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, дар соли гузаштаи 2021 беш аз 181 ҳазор сокини вилоят ба муҳоҷирати корӣ ба Русияву кишварҳои дигар рафтаанд.

Ба гуфтаи Диловар Муродов, як масъули ин ниҳод моҳи декабри соли 2021 пурсиши саросарии ҳавлӣ ба ҳавлӣ маълум кардааст, ки ҳудуди 220 ҳазор сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ва умдатан дар Русия ҳастанд. Дар байни ин муҳоҷирон, нафароне ҳам кам нестанд, ки дар ватан ҷойи кори доимӣ доштанд.

Чаро ба идораҳои давлатӣ барои кор муроҷиат намекунанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба воқеъӣ будани шумори ками корҷӯён шубҳа карданд ва бархеи дигар онро ба муроҷиат накардани худи корҷӯён рабт доданд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон дар сурате, ки корҷӯ худро ҳамчун бекор дар Идораи шуғли аҳоли сабти ном кунад, ба муҳлати се моҳ аз давлат кӯмакпулӣ мегирад.

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар идораҳои давлатӣ шеваи муроҷиати расмӣ тӯл мекашад ва аксаран, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, афроди корҷӯ, бештар ба наздиконашон, ки дар хориҷа қарор доранд, барои пайдо кардани кор муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, кӯмакпулӣ низ ночиз аст, ба ин хотир касе барои дарёфти он марҳилаҳои тӯлониро намегузарад.

Дар Тоҷикистон ба се навъи муроҷиаткунандагон кумаки молӣ расонида мешавад. Нафароне, ки аз ҷойи кори худ ихтисор шудаанд ё ашхосе, ки аз хидмати ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазо озод мешаванд, кӯмаки молӣ бояд дарёфт кунанд. Маблағи кӯмак аз рӯи маоши ҳадди ақал муайян мегардад.

Дар ҳамин ҳол набудани ҷойи кори муносиб ва вазъи начандон хуби иҷтимоиро, баъзе аз коршиносон, аз далелҳои асосии рӯ овардани сокинон ба муҳоҷират медонанд.

XS
SM
MD
LG