Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро омӯзгорон аз Тоҷикистон мераванд? Посухи корбарон ба изҳороти вазир. ВИДЕО


"Бо 1300 сомонӣ зиндагиро пеш бурдан мумкин аст?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Барномаро дар инҷо бинед

Изҳороти вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди аз кишвар рафтани садҳо омӯзгор баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард. Дар ҳоле ки бисёриҳо чунин равандро сабаби нигаронӣ медонанд, Маҳмадюсуф Имомзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "аз ин фоҷиа насозед".

"Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул шудан, ин динамикаи ҳамасола аст. Сабабу омилҳои аз кор рафтан гуногун аст, фавт аст, нафақа аст, муҳоҷират аст, иваз кардани ҷойи зист аст," – шарҳ дод Имомзода.

Корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазирро барои чунин ҷавобаш сахт танқид кардаанд. Шахсе бо номи Усмон Сафаров дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, “фирори омӯзгорон аз кор, буҳрон ва бадтар аз ҷанг аст.” Вай бо муроҷиат ба вазир гуфтааст, “рафиқ вазир, бе мактаб ва бе муаллим наметавон давлат сохт.”

Шарҳи корбари дигар бо номи Гуля Шариповна дар Фейсбук чунин аст: “Агар ба ҳамон мутахассисон маоши дуруст медоданд, ба муҳоҷират намерафтанд. Ба 1300 сомонӣ магар зиндагиро пеш бурдан мумкин аст? Муҳтарам вазир, дурусттар фикр кунед, пеши роҳи фоҷиаро гиред.”

Ба қавли як корбари дигари Радиои Озодӣ, ки номашро дар вебсайти мо нагуфтааст, “дар Панҷакент тақрибан омӯзгор намондааст” ва ҳама барои кор ба Русия рафтаанд. Ӯ навиштааст, ки ҳоло ба ҷойи муаллимон донишҷӯён дарс мегӯянд.

Аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм шарҳи дигаре бо айни мазмунро аз корбаре гирифтем, ки чунин аст: “Дар як мактаб 3 сол ҷонишини директор оид ба таълим будам. Мутаасифона, ҳамин сол ман ва 3 омӯзгори ҷавон ба муҳоҷират омадем.”

Барномаро дар Ютюб бинед

Омӯзгорони дигаре, ки ба ин баҳс ворид шудаанд, гуфтаанд, сабаби тарки кор маоши ночиз ва беқадрии омӯзгор аст. Исмоил Давлатёр дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, як сабаби аз мактаб рафтанаш пулҷамъкуниҳои беохир буд.

“Маоши яксоларо бо дасти худамон фақат барои комиссия ва ободонӣ супоридем. Безор шудем. Ҳар рӯз комиссия меояд. Пули гул ва арчаву шанбегиҳо бе ҳисоб.”

Шавкат Ибодов ном корбар аз посухи вазир ҷонибдорӣ карда, дар Фейсбук навиштааст, ки “ин раванд ба мисли COVID-19 дар тамоми кишварҳои дунё мавҷуд аст.”

Баъзе аз корбарони дигар ҳам оқибатҳои бади тарки касб кардани омӯзгоронро дар Тоҷикистон номбар карда, хостаанд, ки пеши роҳи ин раванд фавран гирифта шавад, зеро таъхир дар ин кор фалокатҳои зиёде ба сари кишвар меорад. Шарҳи корбареро мехонем, ки худро Ҳамидов.М.А муаррифӣ кардааст: “Мо ҷиддияти ин мавзӯъро баъди 20-30 сол дарк мекунем. Маоши аз ҳама баланд бояд аз муаллим бошад, зеро ояндаи давлат аз ӯ вобастааст.”

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон қариб 129 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ ё каме бештар аз 91 доллар муқаррар шудааст. Соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.

Шумо дар ин бора чӣ мегӯед? Андешаҳои худро дар зер бинависед ё дар наворе сабт кардаву фиристед.

XS
SM
MD
LG