Вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиз Трусс дар Маскав ба ҳамтои русаш Сергей Лавров ҳушдор дод, ки ҳамла ба Украина "фоҷеабор" хоҳад буд.
Бритониё охирин кишварест, ки дар авҷи танишҳо бар сари таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар наздикии марзи Украина, ба ҳадафи коҳиши танишҳо, ба талошҳои дипломатӣ пайваст.
"Асосан, ҷанг дар Украина барои мардуми Русия ва Украина ва барои амнияти Аврупо фоҷеабор хоҳад буд. НАТО ҳам ба таври ошкор эълон кардааст, ки ҳар гуна ҳамла ба Украина пайомадҳои бузурге хоҳад дошт," -- афзуд вазири корҳои хориҷии Бритониё рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров.
Дар ҳоле ки раҳбарони аврупоӣ ва дипломатҳои баландпоя дар саросари Аврупо талош доранд, то роҳи ҳалле барои ин бӯҳрон пайдо кунанд, Русия ва Беларус тамринҳои низомии муштаракеро оғоз кардаанд. Тахмин зада мешавад, ки 30 ҳазор сарбози русӣ ба ин кишвари ҳамсоя фиристода шудаанд.
Сергей Лавров дар ҳамон нишасти хабарӣ дар посух ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Бритониё ҳушдор дод, ки таҳдидҳои Ғарб алайҳи Маскав танҳо танишҳоро афзоиш медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар идома гуфт, чунин таҳдидҳо ба куҷое намебарад ва афзуд, "мо танҳо тавассути муколамаи муҳтарамона муносибатҳоро ба эътидол оварда метавонем".
Дар як талоши ҳамоҳангшуда, нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон барои машварат бо дабири кулли НАТО, ба Брюссел сафар кард. Баъдан ӯ ба Варшава меравад, то бо раиси ҷумҳури Лаҳистон мулоқот кунад. Ҳамзамон интизор меравад, вазири дифои Бритониё рӯзи 11-уми феврал ба Маскав сафар кунад.