Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон садҳо минаро безарар гардондаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 800 мина безарар гардонда шудааст.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин миқдор минаву муҳиммоти ҷангиро дар ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва Рашт ошкор намуданд.

Дар ин ниҳод дар бораи қурбониён аз таркиши минаҳо тафсилот надоданд. Дар гузашта сокинон борҳо аз хатари мина ва ҷон бохтани наздиконашон бар асари таркиши он изҳори нигаронӣ намудаанд.

Чунин нигаронӣ бештар аз забони сокинони ноҳияҳои наздик ба марзи Узбекистон ва Афғонистон садо медод. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, минтақаҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ минакорӣ шудаанд.

Пештар гуфта мешуд, ки танҳо дар минтақаҳои марзии ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент дастикам 20 сокини маҳаллӣ қурбони бархӯрди тасодуфӣ бо мина шуда, 10 нафари онҳо ҷон бохтаанд.

Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор минаи гуногун маҳфуз будааст.

XS
SM
MD
LG