Раҳбарони Тоҷикистону Чин мубориза бо ҷудоиталабӣ, терроризм ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин рӯзи 5-уми феврал дар Пекин баргузор шуд. Оқои Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Чин рафтааст. Маросим шоми 4-уми феврал баргузор шуд.
Ҷонибҳо дар мавриди мубориза бо ҷудоиталабӣ ва терроризм чӣ гуфтаанд, тафсилоте дар даст нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи якшанбе навишт, дар мулоқот "масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат, муҳокима гардид."
Ба иттилои манбаъ, "барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншооти энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд."
Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.
Намояндагони созмонҳои мухолифин пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо "ҳадди" худро медонанд.