Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАСС: Занозании муҳоҷирон ва боздошти 66 кас дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабари расонаҳои Русия, дар ҷануби Маскав занозании гуруҳии муҳоҷирон сар зада, дар натиҷа 66 касро дастгир кардаанд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 31-уми январ навишт, эҳтимол муҳоҷирон аз Тоҷикистон буданд. Тасдиқи дигаре дар ин замина дар даст нест.

Дар маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҷиҳати муайян намудани мансубияти шахсони мазкур ба шаҳрвандии Тоҷикистон, инчунин, сабабҳои сар задани муноқиша бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия дар иртибот ҳастем."

Манобеи ТАСС гуфтаанд, ҳодиса шаби 30-юми январ дар гузаргоҳи Востряковскийи пойтахти Русия рӯй дод.

"Ҳодиса эҳтимол аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо истифода аз силоҳи травматикӣ сурат гирифтааст. Дар муноқиша тақрибан 15 кас ширкат доштанд. 66 нафарро бо гумони даст доштан дар низоъ ба идораи пулис оварданд," – навишт хабаргузории русӣ.

Дар пайванд ба ҳодиса бо гумони авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар дар саҳифа мегузорем.
XS
SM
MD
LG