Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён дар Гран-Прии Португалия медали биринҷӣ гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Комроншоҳ Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо Гран-Прии Португалия (Grand Prix Portugal 2022), ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмада баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португалия 301 варзишгар (179 мард ва 122 зан) аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок дошт.

Қаблан дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) - дар сабқати мардон номнавис шуда буданд. Вале санҷиши COVID-19 барои Сомон натиҷаи мусбат дод, бинобар ин ӯ аз ҳаққи иштирок дар Гран-При маҳрум шуд.

Бар асоси қуръакашӣ Комроншоҳ дар рӯзи охирини мусобиқа – 30-юми январ – ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Достон Мейлиев (Узбекистон) ва Артём Бубир (Украина) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Комроншоҳ дар нимфинал аз Кристиан Парлати (Италия) мағлуб шуд. Баъдан барои ҷойи севум Имеда Гоголадзеро аз Гурҷистон шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Медали дигари биринҷиро Алекс Крет аз Руминия гирифт.

Дар вазни то 90 кило Ҷеспер Сминк (Нидерланд), ки дар финал бар Кристиан Парлатии итолиёвӣ ғолиб омад, бо медали тилло сарфароз гашт. Парлати медали нуқраро азони худ кард.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ шуданд. Зимнан, Комроншоҳ Устопириён то ин мусобиқа дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2173 имтиёз мақоми 12-умро касб карда буд.

Бояд гуфт, ки номи ӯ дар рӯйхати варзишгарони ширкаткунандаи Гран-Прии Португалия тибқи радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило, ки 23 нафар иштирок карданд, дар сатри аввал буд. Яъне ҳамаи онҳое, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ пеш аз Комроншоҳ буданд, дар нахустин мусобиқаи имсолаи байналмилалӣ иштирок накарданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар Grand Prix Portugal 2022 дар ҳисоби умумидастаӣ бо як медали биринҷӣ дар байни 41 кишвари иштироккунандаи ин мусобиқа ҳамроҳ бо Сенегал мақоми 25-умро соҳиб шуд.

Кореяи Ҷанубӣ бо касби 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Нидерланд бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Португол бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гашт.

Аз 41 кишвари иштироккунандаи мусобиқа намояндагони 26 кишвар медал гирифтанд, аз он ҷумла варзишгарони 9 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Ба ҷуз аз Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд ва Португол, инчунин Хорватия, Бразилия, Молдова, Белгия, Узбекистон ва Косово яктоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ин мусобиқа варзишгарони ҳафт кишвар - Молдова (ҷойи 6-ум, 1 тилло), Узбекистон (8-ум, 1 тилло), Озарбойҷон (16-ум, 1 нуқра), Гурҷистон (20-ум, 1 биринҷӣ), Украина (22-юм, 1 биринҷӣ), Тоҷикистон (25-ум, 1 биринҷӣ), Латвия (бе медал) – ширкат доштанд.

Ҳамакнун Комроншоҳи Устопириён дар Paris Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 5-6-уми феврал дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ дар ин мусобиқаи пурнуфуз ягона варзишгар аз Тоҷикистон мебошад.

Дар вазни то 90 кило то ҳоло 27 варзишгар барои ширкат дар мусобиқаи дувуми байналмилалии имсола дар Порис номнавис шудаанд. Дар рӯйхат бар асоси радабандии ҷаҳонӣ номи Комроншоҳ баъди Давлат Бобонов (Узбекистон), Маммадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва Бека Гвиниашвили (Гурҷистон) дар сатри чорум зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG