Дар бозори мардикорон дар шаҳри Бохтар корфармоён кам буда, ташвиши ин мардуми бекор бештар шудааст.
Дар ин бозор натанҳо мардҳо, балки занон низ ҳастанд, ки мехоҳанд кори хуберо берун аз ин бозори сард пайдо кунанд. Мақомот борҳо ваъдаи пайдо кардани кор барои занҳо дар ин бозорро додаанд.
Садбарг Туркова, сокини шаҳри Бохтар, ки барои пайдо кардани кор ба мардикорбозор меравад, гуфт, агар кори хубе пайдо кунад, ҳатман инҷоро тарк мекунад.