Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадзода: Оташбас эълон шуд. Жапаров: Бо гуфтушунид ҳал мекунем


Марзи Қирғизистону Тоҷикистон
Марзи Қирғизистону Тоҷикистон

"Тоҷикистону Қирғизистон дар марз оташбас эълон карданд." Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, шаби 28-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт: "Музокироти мо бо раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, Абдукарим Алимбоев, ба анҷом расид. Оташбас эълон гардид. Роҳҳо боз шуданд ва низомиён ба қафо кашида мешаванд. Комиссияи муштарак субҳи 28-уми январ таҳқиқро оғоз мекунад."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 28-уми январ тасдиқ кард, ки мақомоти ду кишвар дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд. Ба иттилои ин ниҳод, тасмим гирифта шудааст, "нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун баранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро пурра кушоянд ва посбонии муштарак ташкил кунанд."

Пештар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз ду тараф хоста буд, тиркушоиро бас кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар паёме дар Фейсбук навишт, "вазъият дар сарҳад аз дақиқаҳои аввал пурра таҳти назорати ман аст. Худо хоҳад, ҳама чизро бо гуфтушунид ва бо роҳи осоишта ҳал мекунем. Нигарон набошед."

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки ду тараф якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, баҳс аз онҷо бархост, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон "дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло мошини тамғаи “Портер”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд, маҷбуран боздоштанд."

Тарафи Қирғизистон, баръакс, мегӯяд, "шаҳрвандони Тоҷикистон бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд. Онҳоро сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд."

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар муноқишаи шаби 27-уми январ дар марз дастикам 17 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ ва як кас кушта шудааст. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи маҷруҳ шудани ҳафт низомии он кишвар хабар дод.

XS
SM
MD
LG