Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД хостори оташбаси фаврӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шуд


Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки фавран ба оташкушоӣ дар сарҳад хотима диҳанд. Ҳарду кишвар узви иттиҳоди низомии зери назари Русия ҳастанд.

Созмон шоми 27-уми январ дар эъломияе гуфт, "задухӯрдҳои мусаллаҳонае, ки дубора дар марз рӯй дод ва дар натиҷаи он захмиҳо ҳастанд, боиси нигаронии ҷиддӣ аст."

"Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран бас карда шавад. Низоъ бояд танҳо дар сари мизи музокирот ва бо роҳи сулҳомез ҳал гардад. СПАД омодааст, ба Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳалли низоъ ёрии зарурӣ расонад. Бовар дорам, ки роҳбарони ҳарду кишвари узви СПАД роҳҳои барои ҳар ду тараф муносиби ҳалли ин мушкили сангини сарҳадиро пайдо хоҳанд кард," – гуфт дабири кулли СПАД Станислав Зас рӯзи 27-уми январ.

Изҳороти Зас пас аз мулоқоти телефонияш бо дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон нашр шуд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ шуруъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳе надодаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳоваддинзода шаби 27-уми январ ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ҳодиса посух надоданд.

Як манбаъ дар идораи пулиси вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, "тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон сар шуд". Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, тирпарониро нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз карданд ва аз гранатомёту миномёт истифода намуданд.

Муноқиша баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар баёнияҳои алоҳида аз роҳбандӣ дар сарҳади ду кишвар хабар доданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли гузашта рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.
XS
SM
MD
LG