Мақомот дар Тоҷикистон роҳ ёфтани коронавирусро ба пушти милаҳои зиндон тасдиқ намекунанд, танҳо мегӯянд, ки бар асари пневмония ё илтиҳоби шуш аз соли гузашта то имрӯз 98 нафар олудаву 11 нафар ҷон додаанд. Шубҳа ба самимияти мақомот дар мавзӯи омори коронавирус аз соли гузашта ба ин сӯ рафъ намешавад.
600 мояи аввал дар зиндони Ваҳдат?
Масъулони Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ва беморхонаи назди маҳбаси Ваҳдат дар поёни ҳафтаи ҷорӣ гуфтанд, шурӯъ аз моҳи июни соли равон барномаи эмкунии зиндониҳо ҳам идома дорад, вале феълан шумори дақиқи зиндониҳоеро, ки воксина гирифтаанд, гуфта наметавонанд. Дар Тоҷикистон аз баҳори соли ҷорӣ маъракаи эмкунӣ бар зидди коронавирус ҷараён дорад, ки дастрас шудани он бо ёрии СММ, ИМА ва чанд созмону кишварҳои дигар имконпазир шуд. Воксинаҳои AstraZeneka, Moderna, “Короновак” ва як миқдор “Спутник” дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ройгон эм карда мешаванд.
Як корманди беморхонаи зиндони шаҳри Ваҳдат дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастгирии Вавзорати тандурустӣ дар моҳи июл дар ин муассисаи ислоҳӣ 600 нафар мояи аввали воксинаро дастрас карданд. Ба қавли ин масъул, ҳоло дар зиндон эмгузаронӣ идома дорад.
Вале иттилои хешовандони бархе зиндониҳо дар бораи ҷараёни эмкунӣ ва ҳам тадбирҳои мақомот барои аз лиҳози санитариву тозагӣ амну бехатар нигаҳ доштани муассисаҳои ислоҳӣ баёнгари воқеиятҳои дигар аст.
Бархе хешовандони маҳбусоне, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуданд, мегӯянд, дар зиндоне, ки наздиконашон нигаҳдорӣ мешаванд, аз воксина ҳеҷ хабаре нест ва чораҳои беҳдоштии марбут ба пандемия ҳам пурра риоя намешавад. Хешовандон мегӯянд, ба ҳангоми мулоқот бо наздиконашон дар маҳбас дидаанд, ки аз оддитарин талаботи мисли доштани ниқоб, маҳлули антисептикӣ ё безараргардонӣ ҳангоми дастшуӣ, риояи фосила ба хотири эҳтиёт аз сирояти COVID-19 сарфи назар мешаванд.
“Дар зиндон касе ниқоби тиббӣ надорад”
Раҳматуллои Раҷаб, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар қатори 1700 маҳбуси дигар ду моҳ пеш ба маҳбаси нави воқеъ дар шаҳри Ваҳдат интиқол ёфт. Духтари ӯ Нилуфар Раҷабова рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 19 август дар зиндон бо падараш мулоқот кардааст ва вақте аз паси шиша телефонӣ ҳарф мезаданд, дид, ки ҳамаи зиндониҳо ва посбонҳо дар ин толор бе ниқоби тиббӣ ҳузур доштанд.
Вай гуфт: “Аз падарам пурсидам, ки “воксина гирифтед?” Дар посух гуфт, ки “на, ҳануз воксина назадаанд” ва онҳое ҳам, ки дар утоқаш ҳастанд ҳанӯз воксинзанӣ нашудаанд. Дар бораи фосила ё ниқобу маводи шустушуӣ ҳам намешавад ҳарф зад. Ман худам барои падарам маска бурдам”.
Вале намояндагони маъмурияти зиндон мегӯянд, ки ҷараёни эмкунӣ дуруст пеш меравад ва ба қавли як нозири маҳбаси нави Ваҳдат, ки нахост номаш нашр шавад, “ҳанӯз дар аввалҳои моҳи июн дар маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе, то замони кӯч додани маҳбусҳо ба зиндони нав воксина зада шуданд”. Вай гуфт, вазорати тандурустӣ бояд онҳоро бо бахши нави воксинаҳо таъмин кунад. Айни замон, гуфт ин нозир, ҳоло ташвиши ҷобаҷошавӣ ҳам идома дорад. Ба гуфтааш, “аз кучонидани маҳбусҳо ба зиндони нав зиёд вақт нарафтааст ва ҳоло ҷобаҷошавӣ идома дорад”.
Пайвандони Зубайдуллои Розиқ ва Маҳмадалии Ҳаит, дигар аъзои раёсати ҳизби мамнӯи сиёсӣ, ки дар зиндон ҳастанд, наздикони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҳизби сотсила-демократ, ки тирамоҳи порсол ҳасб шуд, низ гуфтанд, ки ҳанӯз пайвандони зиндониашон воксинзанӣ нашудаанд ва аз саломатии онҳо нигарон ҳастанд.
Наздикони адвокат ва судиҷрочии собиқ дар вилояти Хатлон Саиднуриддин Шамсиддинов, ки ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуда ҳоло дар боздоштгоҳи Бохтар нигоҳдорӣ мешавад, ҳамчунин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ҳол ӯ низ эм нашудааст. Онҳо мегӯянд, вақте вай дар маҳбаси Душанбе буд ва ҳоло ки ба боздоштгоҳ оварда шудааст, воксина нагирифтааст ва намедонад чаро чунин аст.
Вале Ҳуриниссо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба 28 соли зиндон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш а ӯ гуфтааст, ки то интиқол додани маҳбусҳо ба зиндани нав дар Ваҳдат шуморе аз маҳбусҳо эм карда шудаанд.
“Бузургмеҳр гуфт, ки дар маҳбаси рақами 1 бонавбат маҳбусҳоро воксин задаанд”.
Дархости Радиои Озодӣ дар бораи ин ки чӣ миқдор зиндониҳо то ҳол бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд, бепосух монд. Мақомот аз додани омори мушаххас худдорӣ мекунанд. Як намояндаи ин раёсат бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмулан ҳар вақте ки як ё ду ҳазор воксинаро барои эмкунии зиндониҳо меоранд, ҳамон вақт ин сӯзандоруҳо ба кор меравад, вале маълумоти дақиқ дар бораи шумори эмшудаҳо дар зиндон то имрӯз даст даст нест.
Иттилои бетараф ва мустақил вуҷуд надорад
Ин мақом дар сӯҳбати телефонӣ иддао кард, ки “феълан дар зиндонҳо маҳбуси дучори коронавирус ба мушоҳида нарасидааст”. Ба гуфтаи ӯ, “пештар чанд нафар дучори бемории илтиҳоби дутарафаи шуш шуда буданд, вале сиҳат ёфтанд”.
Як навбатдори маҳбаси Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи июл теъдоде аз зиндониҳо воксина зада шуданд, вале дар моҳи август ҳануз мояҳои нав нарасидааст.
Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи вазъи беҳдоштиву тиббии зиндонҳои Тоҷикистон аксар масъулон посухи мусбат медиҳанд ва иддао мекунанд, ки бунгоҳи тиббӣ, шифохона, духтур, дору, таҷҳизоти тиббии мисли дастгоҳи нафаси сунъӣ доранд, вале пайвандони маҳбусҳо мегӯянд, вақте наздиконашон дар маҳбас бемор мешаванд, ин ҳамаро худашон таъмин мекунанд.
Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб мегӯяд, дар ҳақиқат аз тарафи бунгоҳи тибии зиндони рақами аввал ба ҳамаи зиндониҳое, ки дар утоқи падараш ба сар мебаранд, як маротиба ниқоб тақсим карда шуд, вале, ба гуфтаи ӯ, аз як ниқоб муддати дароз истифода карда намешавад. Раҷабова ёдовар шуд, ки моҳи маи порсол, вақте падараш дучори илтиҳоби шуш шуд ва дар ҳолати вазнин қарор дошт, барояш худи онҳо дастгоҳи нафаскашии сунъӣ бурданд. Вай мегӯяд, дар маҳбаси нав “вазъи санитарӣ ногувор аст” ҳатто обе, ки барои зиндон оварда мешавад, олуда буда, аксар наздикон обро аз мағозаҳо харида ба наздиконашон мебаранд.
Дар бораи он ки дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон вазъи пандемия чӣ гуна аст ва то куҷо ин қишри аҳолӣ бо шароити зарурии тиббию санитарӣ фаро гирифта шудаанд, иттилои бетараф ва мустақиле дар даст нест. Соли гузашта зоҳиран мақомоти тоҷик ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустии вобаста ба СММ нагузоштанд, ки аз вазъи зиндонҳо ҳам дидан кунанд. Ҳарчанд як ҳадафи мутахассисоне, ки барои арзёбии вазъи пандемия оғози моҳи маи соли гузашта вориди Душанбе шуданд, ҳамин ҳам буд.
Мақомоти тоҷик порсол дар авҷи пандемия дар зиндонҳо тақрибан ҳашт моҳи карантин ҷорӣ карда моҳи ноябр дубора дидорбинии наздиконро иҷоза доданд. Ҳоло наздикон танҳо баъд аз супоридани тест ё ташхиси коронавирус ҳақ доранд бо азизашон дидор кунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сомонааш навиштааст маъракаи эмкунӣ бар зидди каронавирус дар саросари мамлакат дар сатҳи баланд ҷараён дорад. То 17 августи соли ҷорӣ 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5 дар сади аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд. Дар хабарҳои мухтасари мақомоти расмӣ дар бораи вазъи эмкунӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон чизе гуфта намешавад.