Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман ҳеч вақт падар ва бародаронамро намебахшам". ВИДЕО


Озодионлайн

Вақте як духтари 18-сола намехоҳад, бо фармони волидайн маҷбур шавҳар кунаду ҳиҷоб пӯшад ва аз хона фирор мекунад, то хатту савод омӯзад, бад аст ё хуб?

Як гузориши Радиои Озодӣ дар ҳамин бора дар сомона ва саҳифаҳои Инстаграму Фейсбуки Озодӣ баҳси зиёдеро барангехт.

Кори духтари тоҷикро, ки мегӯяд, аз хона фирор кард, то хондану навиштанро омӯзаду кор кунад як гурӯҳи корбарони Радиои Озодӣ сарзаниш кардаанд, ки ба гапи волидонаш гӯш надодааст.

Корбаре бо номи Савдогар дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст, Манижа кори хато кардааст ва аз коре, ки кард сахт пушаймон мешавад. “Манижа кори хато кардааст, ки аз хона гурехтааст ва гапи падарро рад кардааст. Ин хел духтарон беақланд ва сахт пушаймон мешаванд. Волидон фарзандонро хушбахт ва оиладор дидан мехоҳанд.”,--навиштааст ӯ.

Норбой, ном корбари дигар бо Савдогар ҳамфикр аст, ки мегӯяд, падару модар ҳарчӣ ки гӯяд, бояд бечунучаро пазируфт. Андешае, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон сахт реша гирифтааст. Ӯ чунин навиштааст: “Агар падару модар аз ту ранҷанд, ту дар оянда рӯзи хушро намебини. Ба хонаи падару модарат баргард ва аз онҳо узрхоҳӣ кун, он вақт ту хушбахт мешавӣ."

Аммо на ҳама ба ин гуфта мувофиқанд ва корбарони зиёде падару модари Манижаро танқид кардааанд, ки ӯро аз ҳаққи таҳсил маҳрум намудаанду мехоҳанд, ба шевае ки худаш намехоҳад, зиндагӣ кунад.

Анушервон ном корбаре навиштааст: “Албата беҳурматӣ ба падару модар ва саркашӣ аз амри онҳо хуб нест. Лекин баъзе тоҷикон мусулмониро фақат дар ришу сатр мебинанд, ки ин ҳам хатост. Танҳо ба сурат аҳамият надиҳед, дар тарбияи фарзанд ба сирати ӯ таваҷҷуҳ кунед. Корро шамшер мекунад, на ғилоф.”

Корбаре гуфтааст, баъзеҳо ҳанӯз дар асри санг зиндагӣ доранд ва духтарро “нонхӯри зиёдатӣ” дониста, аз ӯ зуд халос шудан мехоҳанд.

Шаҳбону ном корбар дар шарҳи худ дар Инстаграм навиштааст, ҳар як духтар ҳақ дорад, ҳаёташро худаш бисозад. Идомаи шарҳаш чунин аст: “Бояд соҳибкасб карда, баъд ба шавҳар дод. Мисли ғулом дар хона кор фармуда, бе касбу ҳунар шӯ медиҳанд. Рафтӣ ва бахтат омад накард, ё азоби сагро мекашӣ, ё хонаи падар баргашта, гап мешунавӣ аз янгаҳову акаҳо ва хору зор мегардӣ. Ман тарафдори худат духтарҷон. Номус кун хон, лекин ба роҳи бад нарав.”

Шаҳбону дар идомаи шарҳаш аз зиндагии худ қисса карда, навиштааст, ки ӯро ҳам иҷборан ба шавҳар доданд ва 11 сол зери ҷабру зулм зиндагӣ дошт. “Агар мемонданд, ақаллан ғоибона мехондам, ҳоло ин қадар азоб намекашидам. Ман ҳеч вақт падар ва бародарони худбинамро намебахшам. Сабабгори бадбахтии ману фарзандонам онҳоянд.”

Мутаасифона мисли ҳамеша ингуна мавзуҳои доғ бе дашному таҳқир нест, ки мо албатта онҳоро аз саҳифаҳои Радиои Озодӣ пок мекунем. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шарҳҳои дорои таҳқиру дашном нисбати Манижа ва духтароне, ки намехоҳанд сатр пӯшанду зуд шавҳар кунад, хеле зиёд аст.

Чунин шарҳу андешарониҳо ҳам гурӯҳи дигари корбаронро ба ғазаб овардааст. Навиштаи яке аз ин корбаронро, мехонем, ки Муҳаммади Абдулло ном доштааст:
“Комментарияи баъзе одамҳоро мехонӣ, воқеан шармовар аст, аксарият ҷавонписаронанд. Даъвои мусулмонӣ мекунанду духтарро ҳар гап мегӯянд, лекин аз навиштаҳояшон маълум, ки бӯйе аз ислом набурдаанд.”

Гурӯҳе ҳам навиштаанд, ки сабаби аслии чунин рафтор ва озодихоҳии Манижа таъсири муҳит дар Русия аст, ки духтари тоҷик онҷо бузург шудааст. Шарҳи Раҳим Бобохонов ном корбареро дар ин бора мехонем: “Муҳити Русия ҳама гуна расму ойини тоҷикиро мешиканад, барои ҳамин, ё дар Тоҷикистон духтаратонро тарбия кунеду шавҳар диҳед, ё дар Русия ба ӯ айни шаҳрвандони ин кишвар ҳаққу ҳуқуқ диҳед. "Шаҳри якчашма рав ва якчашма шав" - гуфтаанд. Ин духтар ҳеҷ вақт ба хона барнамегардад."

Корбари дигаре бо номи Шакармо гуфтааст, ки мушкил дар Русия нест, ва духтар барои худ роҳи дурустро интихоб кардааст. Шакармо навиштааст, “Манижа кори баде накардааст, фақат мехоҳад дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кунад.”

Корбарони дигар гуфтаанд, рафтори Манижа натиҷаи бархӯрди нодуруст ва ҷабру зулм ба кӯдак аст ва волидон бояд ба кӯдакон имкони рушд ва озодии интихоб бидиҳанд.

Шумо чӣ мегӯед?

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Аз сарзаниш то ситоиши Манижа барои тарки хона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

XS
SM
MD
LG