Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ бештар аз Русия маош мегиранд"


"Тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ бештар аз Русия маош мегиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:17 0:00

Кореяи Ҷанубӣ, як кишвари пешрафтаи саноатӣ таваҷҷӯҳи ҳазорон муҳоҷири тоҷикро ҷалб кардааст. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, феълан беш аз шаш ҳазор тоҷикистонӣ расман дар ин кишвар кор мекунанд, ки наздики панҷ ҳазор нафари онҳо ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд. Муҳоҷирони тоҷик, ҳатто дар ширкатҳои маъруфи “Самсунг” ва “Ҳундай” кор пайдо кардаанд.
Аҳрорҷон Боқиев, раҳбари Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумлаи тоҷикони муввафақ дониста мешавад.
Ӯ ҳамзамон дар ширкати боркашонии “SJ Logistics Group” ба ҳайси менеҷер фаъолият дорад. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ шароити кору зист дар ин кишварро шарҳ дод.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG