Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи маъруфи театру синаморо, ки дар 76-солагӣ даргузашт, рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Сабаби марги ӯ расман эълон нашудааст, вале пайвандонаш гуфтанд, рӯзҳои охир аз нафастангӣ азият мекашид.
"Нафастангӣ дошт ва кам-кам фишораш боло мешуд. Чанд вақт пеш гуфта буд, ки хуб шудааст, аммо рӯзи 6-уми январ даргузашт," – гуфт бародараш Мирзоалӣ Муҳаммадиев.
Ин ҳунарпешаи маъруф ду фарзанд – як духтару як писар – дорад. Ба қавли наздикон, духтараш дар Дания кору зиндагӣ мекунад ва натавонист, ба маросими видоъ биояд.
Асланшо Раҳматуллоев, ҳунарманди тоҷик, гуфт, Муҳаммадиевро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар берун аз он мешинохтанд. Ӯ гуфт: "Маҳмадалӣ Муҳаммадиев шахси аҷоибе буд. Мардум, синамогарони СССР, ҳама ӯро медонистанд. Мешинохтанд. Ба ҳар куҷо мерафтем, аз ӯ мепурсиданд. Ин баёнгари он аст, ки дар дили синамогарони вақт ва ҳозира ҷой дошт."
Навори видеоиро дар инҷо бинед:
Ҳунармандон бо таассуф гуфтанд, ки дар соли 2021 чанде аз ҳамкорони худро бар асари COVID-19 ва бемориҳои монанд ба он аз даст доданд ва дар оғози имсол даргузашти Муҳаммадиев барояшон хабари дардоваре буд.
"Ҳеч гумон надоштам, ки дар як рӯз бемор мешаваду аз назди мо меравад. Ҳунарманди хеле болаёқат ва зебо буд. Қомати зебо дошт. Мӯйлабҳояш ба ӯ дар филмҳо ҳусн зам мекарданд. Дилсофу шӯх буд," -- гуфт ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Дилбар Умарова.
Дар ҳамин ҳол, ба назари Нуриддини Ҷарронӣ, коргардони театри ба номи Лоҳутӣ, дар Тоҷикистон аз ҳунари Маҳмадалӣ Муҳаммадиев натавонистаанд хуб истифода кунанд: "Ҳунару истеъдоди ӯ ба таври бояду шояд истифода нашуд. Бештар дар синамо буд. Коргардонҳои театр камтар таваҷҷуҳ карданд. Дар ҳоле ки дар театр низ зарфияти зиёд дошт."
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев 10-уми марти соли 1946 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, Донишкадаи театру кинои Маскавро хатм кардааст. Дар филму ва намоишномаҳои телевизонӣ, аз қабили "Парвози хушдоманам", "Сабзабаноз", "Қисмат", "Фиреби хаёл", "Шифо" ва "Чакидаҳо" нақш бозидааст.