Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амон бозбинии парвандаашро талаб кардааст


Иззат Амон.
Иззат Амон.

Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷирон ба Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кулл барои бозбинии парвандааш ариза пешниҳод кардааст. Дар ин бора писараш Маҳмадюсуф Холов ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ариза Иззат Амон масъалаи дубора баррасӣ намудани маблағи 232 сомонӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон Ҷурабек Ҷобиров, сокини ноҳияи Ҷайҳунро кардааст. Ба қавли Муҳаммадюсуф Холов, вай бо падараш сӯҳбат намуд ва Иззат Амон гуфтааст, ҳалли ин масъала ба ҳукми додгоҳ таъсир хоҳад кард.

Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри соли гузашта бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум намуданд. Ӯро моҳи декабр ба маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" интиқол доданд.

Маҳмадюусуф Холов мегӯяд, бо падараш ду маротиба дар маҳбас мулоқот дошт ва ӯ гуфтааст, ки аз шароити нигаҳдорияш дар зиндон шикоят надорад. Тарафдоронаш бар инанд, ки Иззат Амон бегуноҳ аст ва барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

XS
SM
MD
LG