Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз созмоне, ки Тоҷикистон ҳам узваш ҳаст, ёрӣ хост. ВИДЕО


Ҳаводиси Қазоқистон. Loop

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳо, шаби 6-уми январ дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ кард ва ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуд.

Ӯ ҳамагӣ чанд соат пеш аз ҷаласа гуфт, ки раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Дар ҳоле ки қаблан ин мансабро Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии пешин, якумрӣ бар уҳда дошт. Маълум нест, ки тағйирот кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст.

Нооромиҳои ахир бо эътироз ба ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар Жанаозен оғоз шуд, вале босуръат ба шаҳрҳои дигари Қазоқистон “сироят” кард. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин вазъ баёнгари он аст, ки норозиятҳои мардум амиқтар аст ва далелҳои бештаре дорад.

Гуруҳи норозиён рӯзи 5-уми январ ба бинои шаҳрдории Алмаато, ҳукумати Оқтеппа ва қароргоҳи президент юриш бурда, назорат ба як фурудгоҳро ба даст гирифтанд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти Шӯрои амнияти Қазоқистон онҳоро “террористҳои воқеӣ” ном бурд ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ барои, ба гуфтаи ӯ, “саркӯби таҳдиди террористӣ” ёрӣ хост. Ба ин созмони зери нуфузи Русия Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистону Беларус шомиланд.

“Гурӯҳҳои террористӣ аслан байнулмилалӣ ҳастанд. Онҳо дар хориҷ аз кишвар тамрини ҷиддиро гузаштаанд ва ҳамлаи онҳоро ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ кард,” – гуфт Тоқаев.

Вале ӯ шарҳ надод, ки эътирозгаронро дар назар дорад ва ё гуруҳи алоҳидаеро. Дар ҳоле ки пештар сокинони норозӣ мегуфтанд, онҳо гирдиҳамоии осоишта баргузор карда, аз мақомот истеъфои ҳукумат, кам кардани сатҳи бекорӣ ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб доранд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт: “Дарвоқеъ, ин дигар таҳдид нест, ин поймол кардани якпорчагии Қазоқистон аст. Ҳамла ба шаҳрвандони мост, ки аз ман, ҳамчун сарвари давлат, хоҳиш мекунанд, ба онҳо фавран ёрӣ расонам. Аз ин рӯ, муроҷиатро ба ҳамкорон дар СПАД мувофиқ ва саривақтӣ мешуморам.”

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳанӯз ба таври расмӣ вокуниш накардааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, барои фаҳмидани мавқеи созмон ба идорааш дар Маскав тамос гирифт, аммо намояндагон суолро шунида, аз посух гуфтан худдорӣ варзиданд.

Қазоқистон дар шимол бо Русия ва дар шарқ бо Чин марз дорад. Ин кишвари Осиёи Марказӣ бо манобеи бузурги нафту газ аз назари иқтисодӣ кишвари муҳиме аст, вале сарват дар ин давлат дар инҳисор ё монополияи шахсон ва гуруҳҳои алоҳида гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG