Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулода дар Нурсултон


Шаҳри Нурсултон, 5-уми январи 2022
Шаҳри Нурсултон, 5-уми январи 2022

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, то 19-уми январи имсол дар шаҳри Нурсултон, пойтахти он кишвар, вазъи фавқулода ҷорӣ кард. Пештар дар вилояту шаҳри Алмаато ва Мангистау низ вазъи изтирорӣ эълон карда буданд.

Дар вазъияти фавқулода мақомот ҳақ доранд, озодии равуоро маҳдуд карда, санҷиши сокинонро ба роҳ монанд. Инчунин, гирдиҳамоиҳои осоишта ва корпартоӣ манъ аст.

Тазоҳурот дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон ба зидди ҳукумат аз 2-юми январи имсол идома дорад ва ба бархӯрд бо маъмурони пулис ҳам печид.

Рӯзи 5-уми январ гуруҳе аз тазоҳургарон ба бинои ҳукумати шаҳри Алмаато, пойтахти собиқи Қазоқистон, юриш бурданд ва дар видеоҳо дида мешавад, ки гӯшае аз ин бино месӯзад.

Маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода бурдаанд.

XS
SM
MD
LG