Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон гуфт, қисми зиёди муҳоҷирони дармонда дар "Домодедово" ба ватан бозгардонида шуданд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар хабарномае гуфт, қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Домодедово дармонда буданд, ба ватан бозгардонда шуданд. Беш аз 40 муҳоҷири тоҷик, ки қарори ихроҷашон аз Русия содир шудааст, аз рӯзи 27-уми декабр дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав дармонда буданд.

Муҳоҷирон рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, интизори парвоз ба Тоҷикистон ҳастанд, вале бо далели барояшон номаълум дар фурудгоҳ дармондаанд. Инҳо муҳоҷироне буданд, ки барои кор омада, вале ба далели дар рӯйхати шахсони мамнуъулвуруд будан, натавонистанд ба Русия ворид шаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шоми 3-юми январ дар хабарномае гуфт, бо ширкатҳое, ки ин афродро ба Русия оварда буданд, гуфтугӯ карда, қисми зиёди онҳоро ба ватан бозгардондаанд.

"Масъалаи баргардонидани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад",-омадааст дар хабарномаи Сафорат. Масъулини Сафорат нагуфтаанд, ки аз миёни муҳоҷирони бандмонда чанд нафарашон дубора ба Тоҷикистон рафта, чанд нафари дигар то ҳоло дар фурудгоҳ ҳастанд.

Мақомоти Русия то ҳол ин ҳолатро шарҳ надоданд, вале муҳоҷирон мегӯянд, аксари онҳоро бедалел аз ин кишвар ихроҷ доранд. Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, қабл аз сафар ба Русия ному насабашонро дар Тоҷикистон барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд.

Наздики 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз ихроҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG