Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Чоршанбиев гуфтанд, ба ӯ хӯрок бурданд, вале вакил надоранд


Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА
Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА

Пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА, ки баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе дастгир шуд, мегӯянд, дар бораи иттиҳомҳои эълонкардаи мақомот тафсилоте надоранд.

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт варзишгарро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва кӯшиш барои сарнагунии ҳокимият гумонбар донист, аммо сабаби онро шарҳ надод. Чоршанбиевро рӯзи 30-юми декабр дастгир карданд. Ин тасмим бо вокуниши ҷонибдорону мухолифонаш дучор шуд.

“Хӯрок бурдем, аммо намедонем ба ӯ расид ё не”

Наздикони Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот то ҳанӯз писарашонро ба онҳо нишон надодаанд.

“Баъд аз шунидани хабари боздошти Чоршанбе, аҳволи модараш дар Хоруғ бад шуд. Ҳамин саҳар барои Чоршанбе ғизо бурдем, онро гирифтанд, вале намедонем барояш расид ё не. Дар бораи вазъи саломатиаш ягон хабар надорем,”-гуфт яке аз наздикони Чоршанбе Чоршанбиев, ки нахост номаш зикр шавад.

Мақомот гуфтанд, Чоршанбиев бо вакили мудофеъ таъмин аст. Пайвандонаш мегӯянд, барои ӯ ҳанӯз адвокат киро накардаанд. Ба назар мерасад, ӯ бо вакили мудофеи давлатӣ таъмин шудааст, вале рӯзи 31-уми декабр дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба мо номи вакили дифоъро нагуфтанд.

Мақомот ба ҷуз аз як хабар, ки дар он иттиҳоми зидди Чоршанбиевро эълон карданд, дигар ҳеч шарҳе намедиҳанд. Дақиқ нест, ки бар асоси кадом далелҳо, мақомот ин варзишгарро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ муттаҳам мекунанд. Наздиконаш мегӯянд, дар ин бора ҷузъиёт надоранд.

Дар гузашта ҳарфҳои зидду нақизи Чоршанбе Чоршанбиев дар бораи тоҷикону тоҷикистониён дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехта буд.

Пайвандон: Пулис Чоршанберо шиканҷа карда буд

Мақомот, ба ҷуз аз ду иттиҳом, ҳамчунин гуфтанд, ки ӯ соли 2014 бо иттиҳоми дуздии моликияти як сокини Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, вале бар асоси қонуни афв озод гардида буд. Наздиконаш рӯзи 31-уми декабр инро рад карда, гуфтанд, дар асл Чоршанбе он вақт аз сӯи кормандони пулис шиканҷа шуда буд.

Бар асоси як санади ташхис, ки 18-уми июли соли 2014 гузаронда шудааст, пизишкон навиштаанд, Чоршанбе “осеби пӯшидаи ламҳои мулоими ҳар ду рон бо хуносоми таги пӯст, латхурии майнаи сар” гирифтааст. Назари мақомот ба ин шикоят ҳанӯз маълум нест.

Чоршанбиевро барои суҳбат дар бораи Хоруғ боздошт карданд?

Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев бо вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ рубарӯ шуд. Гуруҳе ба хотири изҳоротҳои баҳсбарангези Чоршанбиев боздошти ин размкорро дуруст меҳисобанд. Вале бархе аз чеҳраҳои шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ҳарфҳои Чоршанбиев танҳо назари шахсии ӯ аст ва барои ақида набояд касеро боздошт кард.

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, “ӯро барои андешааш шикастан хуб коре нест. Андешаи ӯ ҳамин аст, ки худро тоҷик намешиносад. Пас чӣ? Кам нестанд касоне, ки худро мусулмон намешиносанд, бо онҳо чӣ кунем?”

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Бархе ҳам навиштанд, дастгир шудани Чоршанбе Чоршанбиев эҳтимол ангезаҳои дигар дорад. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, дар Фейсбук навишт, сабаби воқеии боздошташ ба ҷурми "ангезаи адовати қавмӣ" вобаста нест. Ба навиштаи Муллоҷонов, “лекин дар моҳи ноябр як баромадашро пахш кардааст, ки дар он доир ба рӯйдодҳои Хоруғ суҳбат намудааст, чун ҳамеша бо эҳсосоти баланд. Яъне, ин варзишгар ба фазои сиёсат ворид шуд. Агар аз чорчӯбаи варзиш берун намерафт, имкон буд, ки аҳамият намедоданд. Охир, чанд сол оид ба масъалаҳои ғайрисиёсӣ баромад мекард, парво надоштанд ва ҳеч вокуниши расмӣ набуд. Акнун, шояд ҳамзамон пас аз баромадаш, ниҳодҳои дахлдор аз пайи фиристодани вай аз Русия шуданд.”

Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист. Ӯро рӯзи 3-юми декабри имсол бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ронд.

Чоршанбе Чоршанбиев ягона шахсе нест, ки баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт мешавад. Дар моҳи март Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ дар шароити мармуз аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе дастгир шуд. Дертар ӯро барои қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд, ҳарчанд наздиконаш гуфтанд, иттиҳомро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG