Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар 30 соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз $1,8 млрд кӯмак кардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии байни ду кишвар, баргузории силсилае аз чорабиниҳоро рӯи даст гирифтааст. Амрико 25-уми декабри соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонр эътироф кард.

Ба муносибати 30-юмин солгарди робитаҳои ду кишвар рӯзи 24-уми декабр намоиши аксҳои тасвирбардорони ҳаваскори тоҷик аз саросари кишвар доир шуд.

Ба ин муносибат давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ кишвар нашри китоб ва аксҳо, намоишгоҳи аксу филм дар назар аст. Ҳачунин дар назар аст, ки дар ин муддат гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Амрико ба Тоҷикистон сафар кунанд ва ҳунари худро ба бинандагони тоҷик пешкаш намоянд.

Ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин кишвар дар сӣ соли гузашта ба Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла барои рушди иқтисод, амнияти озуқаворӣ, беҳдошт, маориф, амният, дастрасӣ ба барқ ба маблағи беш аз 1,8 миллиард долллар кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG