Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони ангишт ба Кӯлоб расид. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

11 корвони мошин бо ангишт вориди шаҳри Кӯлоб шуд.

Дар пасманзари маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқу энержӣ, дар минтақаи Кӯлоб арзиши ангишт боло рафт ва мақомот гуфтанд, ба ин минтақа захираҳои ангишт фиристоданд, то ки шиддати камбуди ин маҳсулоти муҳими хӯрокпазиву гармкунии манзилҳои сокинон бартараф ва нархи он дар бозори маҳаллӣ мӯътадил нигоҳ дошта шавад. Ҳафтаи гузашта корвони мошинҳои ангишт вориди шаҳри Кӯлоб шуд. То он замон нархи як килои ин маҳсулот аз 2 сомонӣ зиёд буд, вале бо ворид шудани захираҳои нав 80 дирам шуд.

Алимад Раҳмонов, як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин корвон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик” ба шаҳри Кӯлоб ворид шуд. Ӯ гуфт, “11 мошин ангишт барои муътадил нигоҳ доштани нархи он дар давраи замистон” кӯмак мешавад. Ҳаҷми умумии ангишти воридгардида ба шаҳри Кӯлоб 300 тонаро ташкил медиҳад. Ин ангишти истеҳсолшуда дар конҳои Тоҷикистон аст.

Масъулон ба хотири намоиши сифати хуби ангишт онро сӯзонда ҳам намоиш доданд. Мақомот мегӯяд, агар зарур бошад, ҳамингуна то фаро расидани тобистон ба минтақа захираҳои ангишт ворид мекунанд. Меҳрубони Вазир, як корманди КВД “Ангишти тоҷик” мегӯяд: “Ангиштсанге, ки имрӯз мо овардем, аз се кони кишвар аст. Ангиштҳои корхонаи Зиддеҳ, шахтаи фони Яғноб ва ҶДММ “Талко ресурс”, ки онҳо ба ангишти имрӯза сару кор мегиранд”.

Кӯлоб бо ангишти маҳаллӣ таъмин мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ин бори аввал аст, ки дар Кӯлоб дар як нуқтаи муайян фурӯши ангишт ба роҳ монда шудааст. Мақомот ҳам мегӯяд, ки онҳо талош доранд, сокинони минтақаро бо ангиштӣ ватанӣ таъмин кунанд. То соли пеш дар Кӯлоб бештар ангишти қирғизӣ ба фурӯш мерафт, ки то як сомонӣ арзиш дошт ва сокинон ҳам барои сифати хуб доштанаш онро мехариданд. Ангишти конҳои Тоҷикистон дар бозорҳо барои ҳар килояш он замон аз 40 дирам то як сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд макони асосии фурӯши ангишт ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ҳамасола ба Ҷаббор Расулов дар фасли сармо аз Қирғизистон садҳо тонна ангишт ворид мешуд ва аз он ҷо ба ноҳияҳо мерафт. Вале баъди як муноқишаи хунин дар баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон баст. Нархи ангишт ҳам боло рафт. Аммо мақомот талош дорад бо фиристодани мошинҳои ангишти маҳаллӣ ба минтақаҳо нархи онро муътадил нигоҳ доранд. Ба ҳисоби миёна, барои як хонавода дар як моҳ то 50 кг ангишт зарур аст, ки онро бештар барои таҳияи ғизо ва пухтани нон сарф мекунанд.

XS
SM
MD
LG