Шаби 24 ба 25-уми декабр католикҳои ҷаҳон иди Милоди Масеҳро ҷашн мегиранд, ки муҳимтарин иди динӣ ба шумор меравад. Дар ин қатор даҳҳо католикҳои сокини Тоҷикистон ҳам ид доранд. Ба иттилои масъулони ибодатгоҳи католикии шаҳри Душанбе, шумори эътиқодмандони ин дин дар Тоҷикистон назар ба пайравони мазҳаби православии дини христианӣ камтар аст – чизе дар ҳудуди сад нафар. Аксари онҳо ҳам хориҷиҳои коргари созмонҳои байналмилаливу намояндагиҳои дипломатии аврупоиву ғарбӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Дар ибодатгоҳ ё калисои хурди канори шаҳри Душанбе ҳар сол шоми 24 ба 25-уми декабр намозу маросими идона барпо мешавад. Раҳбарии ҷамъияти католикҳои Тоҷикистонро намояндаи расмии Ватикан дар ин ҷумҳурӣ ба ӯҳда дорад. Ин мақомро ноябри соли 2016 намояндаи попи Рум Фрэнсис Ассизи Чулликатт ба ӯҳда гирифт.
Вале аксари католикҳо ҷашни Милоди Масеҳро дар хонаҳои худ таҷлил мекунанд. Як корманди сафорати аврупоӣ дар Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бисёр мехост имсол ҷашни Милоди Масеҳро дар хонааш дар Аврупо таҷлил кунад, вале аз тарси паҳншавии “Омикрон” – як навъи зуд паҳншавандаи COVID-19 қарор кард аз сафар худдорӣ карда, дар Тоҷикистон дар муҳити оилавии орому камодам ҷашн гирад.
Маоно, як марди финландӣ, ки солиёни дароз аст дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, гуфт, ӯ мисли бисёр зодагони Аврупои Шимолӣ протестант аст, вале барои ӯ низ имшаб ид аст. Ин мард, ки машғули омодагӣ ба ид буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 24 декабр гуфт, ҷашни католикҳову протестантҳо ва ҳам православиҳову дигар масеҳиён бо ҳам тафовутҳои андаке доранд, вале пайғоми асосиаш хурсандиву накӯкорӣ ва сарҷамъ шудани аъзои оила мебошад.
Ӯ гуфт, барои оилаи ӯ ҳам имшаб ид аст, чун аз рӯи ривоятҳо, “Бобои Барфӣ имшаб омада ба ҳамагон тӯҳфа тақдим мекунад”. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ аз Душанбе гуфт: “Мо имрӯз дар ҳалқаи оилаамон ҷашн мегирем. Барои тахминан шаш нафар аъзои оила тӯҳфа омода кардаам, ки имшаб тақдим мекунам, вале католикҳо субҳи фардо тӯҳфа мегиранд, чун ривоят мегӯяд, ки тӯҳфаи онҳоро Бобои Барфӣ шабона оварда дар зери арчаи солинавӣ дар хонаашон мегузорад”. Ӯ гуфт, маъмулан дар Иди Милоди Масеҳ дар Олмону Норвегия ва ватанаш Финландия дар ин рӯз беҳтарин ғизо, масалан аз гӯшти хук таҳия мешавад. “Вале мо, ки дар кишвари мусалмонии Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, ин ҷо пайдо кардани гӯшти хук кори осон нест. Аз ин рӯ ҳоло хӯроки идонаи мо аз гӯшти мурғи марҷон таҳия мешавад. Як мурғи калони шашкилоӣ ёфтем, бояд хеле хушмазза шавад. Ба иловаи ин, дар рӯи миз хӯришҳои хуби дигари мисли моҳиву тухми моҳӣ, ширинӣ, май ва бисёр чизҳои дигар гузошта мешавад”.
Хӯришҳои рангоранг ҳам бо нияти як соли пурфайзу баракати оянда таҳия мешаванд.
Дар тақрибан аксари кишварҳои ҷаҳон католикҳо зиндагӣ мекунанд, ки шуморашон дар ҷаҳон беш аз 1,3 миллиард нафарро ташкил мекунад. Бархе намояндагони ин мазҳаб шаби 24 ба 25 декабр ба калисо рафта, “барои наҷоти Исои Масеҳ ва ҳам модараш Мария” намоз мехонанд.
Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон мебошанд, солҳои Шӯравӣ масеҳиёнро бештар рус ва рустаборҳои пайрави мазҳаби православӣ намояндагӣ мекарданд. Баъди суқути шӯравӣ ба Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъиятҳои динии мухталиф ваё кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дипломатии хориҷӣ намояндагони дину мазҳабҳои дигар ҳам ворид шуданд.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, дар назди ин идора беш аз 60 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сершумортарини онҳо - 17 иттиҳодияи масеҳиёни инҷилӣ ва 12 иттиҳодияи масеҳиёни инҷилии баптистӣ мебошанд. Инчунин дар миёни созмонҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон калисои православӣ, ҷамъияти баҳоиҳо, адвентистҳои "Рӯзи ҳафтум", калисои "Сонмин Сунбогим", ду маркази матоликии Рум ва дигарҳо ҳузур доранд.