Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Афғонистон: "Толибон кӣ ҳастанд, ки мехоҳанд, пулро баргардонем" ВИДЕО


Муҳаммад Заҳир Ағбар.
Муҳаммад Заҳир Ағбар.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба сару садоҳо дар мавриди интиқоли ҳудуди 800 ҳазор доллар аз вазорати молияи он кишвар ба ҳисоби бонкии ин сафорат вокуниш кард, вале аз ҷузъиёти хабар чизе нагуфт.

Масъулини ҳукумати Толибон ахиран иддао карданд, ки дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешин, ҳудуди 786 ҳазор доллар "саҳван" ба ҳисоби бонкии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллии Афғонистон, Толибон бо ирсоли як нома аз сафорати он кишвар дар Тоҷикистон хостаанд, ки ин маблағро баргардонад.

Муҳаммад Заҳир Ағбар, Сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе рӯзи 23-юми декабр дар ҳошияи як барномаи фарҳангӣ барои кӯдакони афғони муқими Тоҷикистон, ки дар бинои ин сафорат доир шуд, дар ҷамъи хабарнигорон ба ин мавзуъ дахл кард.

Посухи Муҳаммад Заҳир Ағбар дар робита ба интиқоли ин маблағ ба ҳисоби бонкии сафорат рушан набуд ва ӯ дар қисмате аз суханонаш гуфт, ки "иддаои Толибон дурӯғи маҳз аст". Сипас ӯ дар бахши дигаре аз посухаш гуфт, "инҳо (Толибон) кӣ ҳастанд, ки аз мо талаб доранд, ки ин пулро баргардонем".

"Толибон кӣ ҳастанд, ки аз мо талаб доранд, ки ин пулро баргардонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ӯ дар посух ба суоли дигарбораи хабарнигорон, ки оё тасдиқ мекунад, ки ҳамин маблағ ба ҳисоби бонкии Сафорат омадааст гуфт, "ман фикр мекунам, ки сафорат як идораи расмии Афғонистон аст, чун маблағҳои мутафовит ба инҷо сарозер шавад. Ин суолро Толибон ҳақ надоранд аз мо бикунанд, барои онҳо иҷоза ҳам намедиҳем". Вай дар идома гуфт, "ман фикр мекунам, ки Толибон бо ин номаи худ сари худ писханд заданду худро масхара сохтанд".

Ҷаноби Ағбар сипас афзуд, ки сафорати он кишвар дар Тоҷикистон фаъол аст ва шуморе аз дипломатҳо ба кори худ идома медиҳанд ва имкон дорад, ки аз ҳар тараф маблағҳои мухталиф пайдо кунанд ва барои афғонҳои муқими кишвари мизбон харҷ кунанд.

Рӯзҳои гузашта иддао шуда буд, ки ин пул бо номи хароҷоти сафорат интиқол ёфта ва сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар онро аз худ кардааст.

Хабаргузории афғонии "Пажвок" рӯзи 16-уми декабр дар матлабе бо унвони "Ҳудуди 786 ҳазор доллар дар авохири ҳукумати пешин ба Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол шудааст", навишт, ки Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ба сафорати он кишвар дар Душанбе нома фиристода, хостори ҳарчӣ зудтар баргардонидани ин пул ба ҳисоби воридотии давлат дар "Де Афғонистон Бонк" шудааст. Бар пояи ин хабар, маблағи мазкур ба ҳадафи пардохти маоши дипломатҳо, бимаи тиббӣ ва пардохти маоши кормандони маҳаллии сафорат ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо дар робита ба ин моҷаро навиштанд, ки пас аз сафари Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ, ӯ барои сохтани як мактаб дар шаҳри Ваҳдат мувофиқат карда буд ва ин маблағ ба ҳамин ҳадаф ҷудо ва фиристода шудааст.

Ба навиштаи "Пажвок", шуморе аз кормандони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзҳои гузашта иддао кардаанд, ки ин пул дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешини Афғонистон барои се соли ояндаи сафорат ба Тоҷикистон интиқол шуда буд. Ба иддаои ин кормандон, ин пул аз ҳисоби бонкии сафорат аз сӯи Муҳаммад Заҳир Ағбар берун карда шудааст. Иддаое, ки Муҳаммад Заҳир Ағбар рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон ба он ишорае накард.

Аҳмад Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон ба ин хабаргузорӣ дар мавриди берун кардани пули ёдшуда аз ҳисоби бонкии сафорат гуфтааст, "ин пули расмӣ аст, аз адреси расмӣ интиқол шуда, агар имруз бошад ё фардо сафорати мо фаъол мешавад, дар он сурат Ағбар ҳар ҷое, ки бошад, маҷбур аст, ки ин пулро дубора баргардонад".

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи имсол, сафоратҳои он кишвар аз сӯи сафирони қаблӣ раҳбарӣ мешаванд. Ҳукумати Толибон то кунун аз сӯи ҳеҷ кишвари дунё ба расмият шинохта нашудааст ва ин гурӯҳ наметавонад сафирони худро ба хориҷ бифиристад. Бо вуҷуди дархостҳои бор бори ҳукумати Толибон, Созмони Милали Муттаҳид курсии Афғонистонро ба Толибон надод ва он дар ихтиёри дипломатҳои пешини афғон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG