Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси собиқадори тоҷик, ки ба "қаллобӣ" айбдор мешуд, боздошт шудааст


Толори додгоҳи олии Тоҷикистон
Толори додгоҳи олии Тоҷикистон

Эраҷ Ширинзода, додраси собиқи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба “қаллобӣ ва сӯйистифода аз мансаб” айбдор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр ӯро бозхонд намуд ва ба дунбол порлумони Тоҷикистон ӯро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Ширинзода аз як моҳи пеш тафтиш мешуд, вале ӯ дар озодӣ буд. Танҳо пас аз ҷаласаи порлумон ва ризояити вакилон ӯро боздошт карданд.

“Ӯ аз хонаааш дар Душанбе берун намешуд. Ҳарчанд, бо даъвати тафтишот ҳозир мешуд ва нишондод медод. Пас аз бекор шудани дахлнопазириаш ӯро боздошт карданд ва ба Боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол доданд”,--гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Назари пайвандон ва адвокати Ширинзода ба ин қазия маълум нест.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон додрас аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва то порлумон ӯро аз ин ҳақ маҳрум накунад, боздошти ӯ мумкин нест.

Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ӯро Оҷонсии зидди фасод пеш мебарад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз порлумон дархост карда буд, ки ин додрасро аз дахлнопазирӣ маҳрум кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Ширинзода аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Додситони кулл дар ҷаласаи порлумон гуфтааст, ки ҷиноятҳои Ширинзода “пурра исбот” шудааст.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, Ширинзода барои қонеъ кардани даъвои як шаҳрванд дар ду ҳолат ду бор аз ӯ пора гирифтааст ва ҳамзамон аз “намояндаи хоҷагии деҳқонии "Ясмина"-и шаҳри Турсунзода дар ду ҳолат 5500 сомонӣ гирифтааст”.

Маълум нест, ки Ширинзода то куҷо ин иттиҳомро қабул кардааст. Ҳамкоронаш аз ӯ, додраси "собиқдор ва пуртаҷриба" ном мебаранд.

Аз ин пеш, Эмомалии Раҳмон, президенти Тоҷикистон 15-уми декабр бо судури як фармон Шарифзода Азизҷон Шариф, раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғдро низ аз вазифааш барканор карда буд.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур Шарифзода, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш озод карда шудааст. Ин додрас низ бо гумони ришваситонӣ боздошт шуда буд.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас Шарифзода рӯзи 6-уми декабри имсол дар утоқи корияш, "ҳангоми гирифтани ҳазор доллар" боздошт шудааст.

Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд.

Феълан дар Тоҷикистон беш чаҳорсад додрас кор мекунад. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.

XS
SM
MD
LG