Дар пайи муноқишаи шоми рӯзи 16-уми декабр дар ҳудуди деҳаҳои марзии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон, мақомот ба таҳқиқи сабабҳои он пардохтааст. Аз Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло як ҳайати баландмақоми ин ниҳод бо шумули сардори раёсат дар шаҳри Исфара қарор ва вазъиятро баррасӣ доранд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки рӯзи 16-уми декабр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тирандозӣ рух додааст. Ҷониби Қирғизистон гуфт, миёни марзбонони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Қирғизистон баҳси лафзӣ бархоста ва "дар ниҳоят яке аз марзбонони Тоҷикистон аз таппончаи Макаров ба ҳаво тир кушодааст". Ҳодисаро чанде аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва массъулони ҷамоат низ тасдиқ карданд, вале гуфтанд, касе зарар ё ҷароҳат набардоштааст.