Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гурӯҳе аз муҳоҷиронро барои 40 сол аз ин кишвар хориҷ кардааст


Пулис дар яке аз хиёбонҳои Маскав
Пулис дар яке аз хиёбонҳои Маскав

Мақомоти Русия гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки дар ҷанҷолҳо ширкат доштаанд, аз ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ рондааст.

Тибқи омори нав ҳудуди 400 муҳоҷир аз Осиёи Марказиро барои 40 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардаанд.

Маълум нест, ки чанд нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати корҳои дохилии Русия, инҳо афроде мебошанд, ки дар ҷанҷолҳои гурӯҳи ширкат дошта ва ё дигар қонунгузориҳои ин кишварро вайрон намудаанд. Ҳоло танҳо дар Маскав, пойтахти Русия 1 миллиону 33 ҳазор муҳоҷир сабти ном шудааст, ки 30 дар сад нисбат ба соли пеш кам аст.

Аз ин миён 82 дар сади онҳо шаҳрвнадони кишварҳои ИДМ, асосан аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд.

Соли ҷорӣ баъди он ки занозаниҳои гурӯҳӣ миёни муҳоҷирон афзоиш ёфт, мақомоти рус пешниҳод намуда буданд, ки ширкатдорони чунин муноқишаҳо аз Русия ихроҷ ва роҳи онҳо ба ин кишвар барои якумрӣ баста шавад.

XS
SM
MD
LG