Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи тоҷик дар аҳди Шӯравӣ ва ҳоло. Дастоварди кадоме бештар? ВИДЕО


10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) таҷлил мешавад. Ин санаро Созмони Миллали Муттаҳид интихоб кардааст.

Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва Англия ватани он ҳисобида мешавад. Аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст. Аз он замон то инҷониб 21 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол баргузор шудааст, ки охиринаш соли 2018 дар Русия доир гаштааст.

Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кард, ки мувофиқи он то соли 2026-ум 60 дар сади аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд. FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Дар “Мизи гирд”-и Радиои Озодӣ собиқадори варзиш Алимуҳаммад Мирзоев, футболбозони маъруф Суҳроб Ҳамидов ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар бораи рушди футбол дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ва бурду бохти футболи тоҷик ҳарф заданд.

Мусобиқоти футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд. “Динамо”-и Душанбе аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.

ДАВРАИ "ТИЛЛОӢ"-И ФУТБОЛИ ТОҶИК

“Аммо дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар замони Шӯравӣ ба дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе бастагӣ дорад. “Помир” баъди 19 соли иштирокаш дар лигаи якум соли 1988 ба лигаи олии чемпионати СССР роҳхат гирифт. “Помир” дар муддати се соли иштирокаш дар лигаи олӣ, яъне то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар байни даҳ дастаи беҳтарини мамлакат ҷойгир шуда буд”, - иброз дошт Алимуҳаммад Мирзоев.

Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол ба узвияти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) пазируфта шудааст.

Ба гуфтаи Суҳроб Ҳамидов, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушди футболи кӯдакону наврасон дар кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. “Ҳамасола дар Тоҷикистон мусобиқоти наврасон аз рӯи панҷ дараҷаи синну сол гузаронида мешавад. Зимнан, соли 2019 Конфедератсияи футболи Осиё Лигаи футболи наврасони Тоҷикистонро беҳтарин дар Осиё эътироф кард”, - гуфт ӯ.

Фатҳулло Фатҳуллоев иброз дошт, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Вай афзуд, “аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлол дастаи “Помир”-и Душанбе мебошад. Даҳ бор “Истиқлол”-и Душанбе, ҳафт бор “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, себорӣ дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе, дуборӣ тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, якбор “Динамо”-и Душанбе барандагони медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудаанд.”

Дар Тоҷикистон занон низ ба футбол машғул мешаванд. Дастаҳои мунтахаби футболи духтарон ва тими миллии занонаи Тоҷикистон ҳамасола дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзанд.

“Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш қабул шудааст. Ба ин тартиб, футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст. Дар тӯли се соли охир дар саросари ҷумҳурӣ зиёда аз 500 мини-майдончаҳо, аз ҷумла дар тӯли ду соли охир танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 300 майдонча сохта шудааст», - гуфт Алимуҳаммад Мирзоев.

ФУТБОЛИ ТОҶИК БА ЧӢ НИЁЗ ДОРАД?

Вале дар футболи тоҷик ҳанӯз камбудиву масоили зиёди ҳалталаб ҳастанд. Мутахассисони футболи тоҷик аз бохти тими миллии кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ва маҳрумият аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқот нигаронанд. Дарвоқеъ,​ мунтахаби миллии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона дастаест, ки ҳанӯз ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

«Бо вуҷуди ин, ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бозигарони то 17-сола корнамоиест, ки ҳанӯз дар бисёр кишварҳои ҳамсояи минтақа ба даст наомадааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки заминаи қавӣ аллакай сохта шудааст. Инчунин имсол дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт», - гуфт Суҳроб Ҳамидов.

Мавзӯи дигари муҳим дар рушди футбол ва дарёфти мақоми беҳтар дар сатҳи байналмилалиро мутахассисон марбут ба мураббиёни ботаҷриба медонанд. Ба назари онҳо мураббиёнеро бояд ба тими миллӣ даъват кард, ки таҷрибаву дониши баланд ва дар иҷрои вазифаи худ садоқат дошта бошанд.

Ба назари коршиносон, зуд-зуд иваз кардани сармураббиёни тими миллӣ ба манфиати кор нест. Ба сармураббӣ бояд имконият дод, ки дастаро дар муддати се-чор сол ба мусобиқоти асосӣ омода созад ва аз рӯи натиҷаи кориаш баҳогузорӣ карда шавад.

«Сатҳи чемпионати Тоҷикистон бояд баланд шавад. Шумораи дастаҳое, ки барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд, ҳоло хеле кам аст. Бояд ба мисли дастаҳои пурқуввати лигаи олӣ – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» - боз се-чор дастаи дигар пайдо шавад. Онгоҳ рақобат тезу тунд мегардад. Вале на ҳамаи дастаҳо имрӯз аз ҷиҳати молиявӣ комилан таъминанд. Сармоягузории кофӣ ё сарпарастони қудратманд надоранд. Агар дар чемпионати лигаи олӣ 14-16 даста бозӣ мекард, мусобиқот боз ҳам ҷолибу пуршиддат мегузашт», - изҳор дошт Фатҳулло Фатҳуллоев.

Масъалаи дигаре, ки ба рушди футболи касбӣ монеъ мешавад, ин вазъи ногувори майдонҳои футбол аст, ки дар онҳо бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва дигар бозиҳои муҳим баргузор мешаванд. «Хуб мебуд, ки дар майдонҳои асосии бозӣ на рӯпӯшҳои сунъӣ, балки чаман ё алафи табиӣ истифода карда мешуд», - гуфт Алимуҳаммад Мирзоев.

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Мизи гирди Радиои Озодӣ: Бурду бохти футболи тоҷик.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:33:24 0:00

XS
SM
MD
LG