Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ҳар касе, ки аз ин баъд барои кор ба Русия меравад, бояд пеш аз ҳама забон ва фарҳанги мардуми таҳҷоиро омӯзад.
Путин дар нишасти Шӯрои рушди ҷомеи маданӣ ва ҳуқуқи инсон дар Русия рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, дар ин бора бо мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон кор мекунанд.
"Бояд бо ҳамкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ кор кард, то онҳое, ки барои кор ба ватани мо меоянд, дар ватани худашон забон, қонунҳои моро омӯзанд ва ҳуқуқи худ ва анъанаҳои мардуми моро донанд. Ин кор бо шарикони мо аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон идома дорад ва ин мавзуъ дар мадди назари мо ҳаст,” – афзудааст Путин.
Аз Тоҷикистон солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва шикоят аз поймол шудани ҳуқуқи онҳо зиёд аст.
Дар нишасти Шӯрои рушди ҷомеи маданӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла вазъи муҳоҷирати корӣ дар Русия, беҳуқуқии муҳоҷирон ва танг шудани бозори кор баррасӣ шудааст.