Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистон шаҳрванди фахрии Кореяи Ҷанубӣ шуд


Аҳрорҷон Боқиев
Аҳрорҷон Боқиев

Як зодаи Тоҷикистон шаҳрванди ифтихории Кореяи Ҷанубӣ шудааст. Хабаргузории давлатии Кореяи Ҷанубӣ навишт, Аҳроҷон Боқиев шаҳрванди аввалини Тоҷикистон аст, ки ин унвонро соҳиб мегардад.

Ин ҷоизаро аз соли 1958 ба хориҷиёне медиҳанд, ки дар Кореяи Ҷанубӣ корҳои хуберо анҷом додаанд.

Аҳрорҷон Боқиев, яке аз раҳбарони Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ аст. Ҳукумати шаҳри Сеул ба ҷуз шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳашт хориҷии дигарро низ унвони шаҳрванди ифтихорӣ додааст.

Кореяи Ҷанубиро дар Тоҷикистон масири нав барои муҳоҷирони корӣ медонанд, вале ҳанӯз дар ин замина тасмими ҷиддӣ гирифта нашудааст. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон тобеияти Русияро доранд, ба он кишвар рафта, кор мекунанд.

Тоҷикистон аз соли 1992 бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкорӣ дорад. Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2018 беш аз 27,5 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG