Баъд аз сӣ соли тарки Тоҷикистон ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов розӣ шудааст, сарбалетмейстери театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шавад.
Ҳарчанд роҳбарияти ин театр мегӯянд, ки Фаррух Рӯзиматов ҳеҷ шарте барои маошашро пеш нагузоштааст, аммо соҳибназарон ба ин назаранд, ки ҳамакнун ҷониби Тоҷикистон бояд ҳама “нозҳои” ин ситораи ҳунарро бароварда созад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон ва ҳунарманди мардумии Русия аз театри “Мариинский”-и Санкт-Петербург аз имрӯз, 6-уми декабр сарбалейтместери театри опера ва балети Тоҷикистон таъйин шудааст.
“Ба маош таваҷҷӯҳ накард”
Камолиддин Сайфиддинов, мудири театри опера ва балети Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарордоди корӣ бо ин ситораи балети ҷаҳонӣ субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе қабл аз парвози ҳунарманд ба Русия имзо шудааст.
“Дар бораи маоши ҳангуфте аслан сухан набуд. Вай ҳатто гуфт, ки барои ташрифи ахираш ба ҳеҷ гуна подоше ниёз надорад. Ба мавзӯи маош феълан таваҷҷуҳе ҳам надорад. Ҳоло Фаррух Рӯзиматов ба мавзӯи рушди ҳунари балет ва театр бештар алоқаманд аст ва ба ин хотир ба унвони як тоҷиктабор розӣ шуд, ки ӯро ба вазифаи сарбалейтместери театр таъйин кунем”,--гуфт ӯ.
Камолиддин Сайфиддинов афзуд, ки Фаррух Рӯзиматов гуфтааст, ҳоло бояд чанд вазифаҳои аз қабл таҳрезишудаи сафарҳои ҳунариашро анҷом дода, дар ду моҳи аввал 15-рӯзӣ дар Душанбе бошад ва сипас ба сурати доимӣ дар Тоҷикистон машғули таҳияи намоишномаҳо мешавад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, қарор шудааст, ки аз соли оянда театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар як моҳ як ду намоишномаи нави балетиро рӯйи саҳна оварад.
Ба хотири пешрафти бахши опера дар театри ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчунин даъвати мутахассиси итолиявӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи Камолиддин Сайфиддинов, “чанде пеш бо профессори консерваторияи Милани Италия Делфо Миникучӣ қарордоди дарозмуддати корӣ имзо кардаем ва ҳамакнун умедворем, ки ҳам ҳунари опера ва ҳам ҳунари балет дар Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт”.
Фаррух Рӯзиматов 60 сол дорад ва тӯли сӣ соли ахир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар ин кишвар аз обрӯи хоси ҳунарӣ бархӯрдор аст. Солҳои 1990-1991 ӯ дар театри Ню-Йорки Амрико низ кор кардааст.
Одили Нозир: “Нозҳо”-и ӯро бояд бардошт
Одили Нозир, шореҳи фарҳангии тоҷик таъйин шудани Фаррух Рӯзиматов ба вазифаи сарбалетмейстери театри ба номи Айниро рӯйдоди муҳими фарҳангии кишвар медонад. Вай афзуд, ки хоҳишмандони ҳамкорӣ бо Рӯзиматов дар ҷаҳон зиёд аст ва бозгашташ ба Тоҷикистон танҳо ба ҳуввияти тоҷиктабор буданаш сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун роҳбарияти ин театр бояд ҳама нозҳои ин ситораи ҳунарро бароварда созад.
Ӯ гуфт: “Дар сӣ соли истиқлолият ин театр намоишномаҳои ҷолиби балетӣ, оперетта ва операро бо ҷалби коргардонҳову ҳунармандони даъватӣ рӯйи саҳна гузошт. Вале, як низоми тақвиятёфтаи муаррифии ин намоишномаҳо дар хориҷи Тоҷикистон вуҷуд надошт ва ин ҳама ҳунармандони даъватӣ баъд аз муддати кор дар Тоҷикистон кишварро тарк мекарданд. Мутмаинам, бо омадани Рӯзиматов ин кор ба низом медарояд. Роҳбарияти театри опера ва балет бояд ҳама «нозҳои» Фаррух Рӯзиматовро бароварда созанд»,--гуфт ӯ.
Одили Нозир афзуд, ки чанд рӯз қабл бо Фаррух Рӯзиматов суҳбат доштааст ва ӯ аз вазъи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Ин ҳунарманд гуфтааст, ки гурӯҳи ҳунарии ҳар як театри опера ва балет набояд аз 50 нафар камтар бошад, аммо дар театри Душанбе танҳо 20 ҳунарманд фаъолият мекунанд.
Камолиддин Сайфиддинов дар тақвияти ин гуфтаҳои Одили Нозир ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо Фаррух Рӯзиматов тавофуқ шудааст, ки дар назди театри опера ва балети ба номи Айнӣ омӯзишгоҳи рақси балет бунёд шуда, барои театр ҳунармандони ҷавонро тарбия мекунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Камолиддин Сайфиддинов, ин ҳунарманди тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар тавофуқ бо Ҳукумати Тоҷикистон сохтори идории театри опера ва балети ба номи Айнӣ тағйир дода шуда, дар он вазифаи роҳбари бадеӣ роҳандозӣ шавад.