Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Рӯзиматов, сарбалетместери Театри опера ва балети Душанбе шуд


Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон ва ҳунарманди мардумии Русия аз театри “Мариинский”-и Санкт-Петербург аз имрӯз, 6-уми декабр сарбалетместери театри опера ва балети Тоҷикистон таъйин шудааст.

Камолиддин Сайфиддинов, мудири театри опера ва балети Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарордоди корӣ бо ин ситораи балети ҷаҳонӣ субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе қабл аз парвози ҳунарманд ба Русия имзо шудааст. “Фаррух Рӯзиматов ҳунарманди тоҷик аст ва ба хотири рушди балети тоҷик розӣ шуд, ки дар ин вазифа кор кунад. Вай ба маош ва шароити дигари зиндагӣ таваҷҷуҳи зиёд надорад, танҳо мехоҳад шуҳрати пешинаи балети тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад. Ба ин хотир, ҳатто пешниҳод кард, ки дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон сохтори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тағйир дода шуда, вазифаи роҳбари бадеӣ роҳандозӣ шавад. Мо тавофуқ кардем, ки ҳар моҳ як ё ду намоишномаи наверо рӯйи саҳна мегузорем. Ба хотири пешрафти бахши опера мо ҳамчунин бо профессори консерваторияи Милани Италия Делфо Миникучӣ қарордоди дарозмуддати корӣ имзо кардаем ва ҳамакнун умедворем, ки ҳам ҳунари опера ва ҳам ҳунари балет дар Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт”,--гуфт Камолиддин Сайфиддинов.

Фаррух Рӯзиматов 60 сол дорад ва солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Дар ин кишвар аз обрӯи хосе бархӯрдор аст. Солҳои 1990-1991 ӯ дар театри Ню-Йорки Амрико низ кор кардааст. Ӯ ҳоло корашро дар Русия тарк кардааст ва тасмим дорад, дар Тоҷикистон кор кунад.

XS
SM
MD
LG