Додгоҳи Фархор пас аз 15 соли баҳси хоҳару бародар сари як манзили зист онро ба фоидаи бародар ҳал кард ва зан бо 21 фарзанду наберагонаш дар кӯча мондааст.
Баҳси Пайкармо, сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор, бо бародараш Абосулло Саъдиев соли 2006 сар шуда буд. Онҳо барои манзили падариашон баҳс карданд.
Ҳоло ин зан аксари ашёи рӯзгорашро дар манзили ҳамсоя муваққатан ҷо кардааст.
Пайкарамо мегӯяд, 18 сол пеш хонаи падариашро аз бародараш харид, вале он замон, ба ҷуз созиши шифоҳӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ санадҳоро дуруст накарда буданд.
Шоҳидон мегӯянд, воқеан шоҳиди маблағ додани хоҳар ба бародараш буданд. Аз ҷумла, Раҳмонқул Бегов, як сокини Фархор мегӯяд, ӯ маблағро бурда ба Абосулло дар Душанбе супурдааст.
Ин зан мегӯяд, ба бародараш бовар дошт ва фикр намекард, рӯзе ӯро ба додгоҳ мекашад. Дар аввалин ҳалномаи додгоҳи Фархор, ки моҳи январи соли 2006 содир шудааст, даъвои Абосуллоро беасос хонда, онро рад кардаанд.
Дар ҳалноми соли 2019-и додгоҳи Фархор низ сухан дар бораи иҷборан аз хона пеш кардани Пайкармо намеравад. Танҳо дар бораи тақсими мерос ҳалнома содир шудааст. Аммо имсол додгоҳ қарор қабул кардааст, ки Пайкарамо бо 21 узви хонаводааш ин манзилро тарк кунанд.
Се ҳафта пеш иҷрочиёни суд ин занро бо ашёи рӯзгораш аз ин манзил берун карданд ва он ҷо ҳоло Абосулло Саъдиев зиндагӣ дорад.
Абосулло Саъдиев, бародари ин зан решаи баҳсро шарҳ надод. Танҳо дар суҳбати кутоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори додгоҳро дуруст мешуморад.
Хоҳараш мегӯяд, бародараш ҳам маблағи ӯро аз худ кард ва ҳам ӯро аз манзили зист маҳрум сохт.