Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Эътирозгарони Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, агар..."


Хоруғ, 26-уми ноябри 2021
Хоруғ, 26-уми ноябри 2021

Ҳукумати Бадахшон ва Раёсати корҳои дохилии ин вилоят эълон карданд, шахсоне, ки дар тазоҳуроти чоррӯза дар Хоруғ ширкат карданд ва ҷинояти дигаре содир накарданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ин эълон шаби 1-уми декабр тавассути телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.

Аз 25-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ сокинон аз кушта шудани як сокини Роштқалъа эътироз карданд. Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми Роштқалъа, ки ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд, рӯзи 25-уми ноябр дар натиҷаи як амалиёт кушта шуд.

Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон гуфтугӯ карданд ва талаби онҳоро пазируфтанд. Шарти эътирозгарон ин буд, ки парвандаи марги Гулбуддин одилона таҳқиқ шавад, эътирозгарон ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд ва интернет дубора дар Бадахшон дастрас шавад.

Дар изҳороти аввали мақомот аз ҳеч шарте ёд нашуда буд. Шаби гузашта бори аввал расман мақомот эълон карданд, ки онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.

Дар Тоҷикистон бе иҷозати ҳукумат баргузории эътироз ҷиноят дониста мешавад. Дар 20 соли охир мақомот ягон бор иҷозати чунин эътирозро ба сокинон надодаанд.

XS
SM
MD
LG