Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: Мақомот ба наздикони Ризоев иҷоза намедиҳанд, ки ӯро бинанд


Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик
Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик

Ҳомиёни байнулмилалии ҳуқуқи башар аз сарнавишти вакили мудофеи зиндонӣ, Абдулмаҷид Ризоев, дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, наздик ба чаҳор моҳ аст, ки мақомот ба наздикони Ризоев иҷоза намедиҳанд, бо ӯ мулоқот кунанд.

Абдумаҷид Ризоев бо гуноҳи "даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет" гунаҳкор ва ба 5,5 сол зиндон маҳкум шудааст. Худи Ризоев ба бегуноҳияш таъкид карда, гуфтааст, ҳеч гоҳ андешаҳои ифротиро пуштибонӣ накардааст.

Созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights) мегӯяд, Ризоев аз 11-уми августи имсол имкони дидорбиниро бо ҳеч як вакилаш надорад ва аз 4-уми сентябри имсол ба ин тараф ба наздиконаш иҷоза нашудааст, ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки набудани имкони дидорбинии Ризоев бо наздикону ҳомиёнаш, нигарониро дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбати ӯ бештар мекунад. Ин созмон мегӯяд, "Ризоев барои ҳаққи озоди баёни андешааш зиндонӣ шуд ва бояд бидуни шарт ва билофосила озод карда шавад".

Мақомот то кунун ба ин изҳороти созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон дар робита ба Абдулмаҷид Ризоев вокуниш нишон надодаанд. Вале масъулони Идораи зиндонҳо рӯзи 30-юми октябр ба вакили мудофеи Абдумаҷид Ризоев хабар додаанд, ки ӯ дар утоқи ҷаримавӣ аст, чунки гуё қоидаи маҳбасро вайрон кардааст. Вале маълум нест, чӣ ҳодиса рух додааст ва то куҷо ба ӯ имкон доданд, ки аз худ дифоъ кунад.

Зиндониҳое, ки дар утоқи ҷаримавӣ ҷой дода мешаванд, аз ҳаққи тамоси телефониву дидорбинӣ бо наздиконашон маҳрум ҳастанд.

Рӯзи 26-уми ноябри имсол гузоришгари вижаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон дар тамосаш бо мақомоти Тоҷикистон аз сарнавишти Ризоев ва ҳам зиндонӣ шудани ӯ изҳори нигаронӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG