Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир аз эҳтимоли боло рафтани маош дар Тоҷикистон хабар дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, барои зиёд кардани маош дар соли оянда “кор карда истодаанд.” Ӯ рӯзи 24-уми ноябр дар ҳошияи ҷаласаи порлумон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати розӣ шудани ҳукумат "омодаанд, аз буҷа маблағ ҷудо кунанд".

“Мо дар самти зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва маош корбарӣ карда истодаем. Албатта, дар доираи қабул гардидани иқдомоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат имконият дорем, ки барои соли оянда маблағҳои заруриро аз буҷа барои ин самт равона кунем,” -- гуфт вазир.

Феълан маоши миёна дар кишвар 1300 сомонӣ ва ҳадди миёнаи нафақа 321 сомонӣ аст. Дар пасманзари боло рафтани нархи маҳсулот ва роҳкиро бисёриҳо талаб доранд, ки маошу нафақа ҳам зиёд карда шавад.

Эълон дар бораи зиёд шудани маош маъмулан дар вақти ироаи паёми президент ба порлумон садо медиҳад. Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи декабр ба Маҷлиси олӣ паём бидиҳад.

XS
SM
MD
LG