Ҳукми 9 соли зиндони Иззат Амон қувваи амалӣ гирифт ва дар рӯзҳои наздик вай ба маҳбас интиқол дода мешавад. Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон рӯзи 20-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо дар котиботи додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, ки баъди бетағйир мондани ҳукм, он ба қувваи амал даромад.
Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ки дар бораи ҳукми додгоҳ ва қувваи амалӣ гирифтани он вакили дифоъ Саидбурҳон Шарифов огоҳонида шудааст. Маҳмадюсуф Холов, писари ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки то охир ба афв ва озод шудани падар умедвор буд, мегӯяд, Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи зинаи поёниро бетағйир гузошт ва маълум нест, ки чаро ниҳоят мутобиқ ба қонун нисбати падараш қонуни нави афв татбиқ нашуд. Ба гуфтаи писар, вакили дифоъ қарор буд имрӯз, 20 ноябр дар боздоштгоҳ бо Иззат Амон мулоқот мекард, вале ба ӯ иҷозаи ворид шудан надоданд.
"Масъалаи қарзи 232 сомонӣ ҳамчунон норӯшан монд ва нафаре, ки ба додгоҳ омада дар масъалаи гирифтани маблағ ҳарф мезад, бо сабабҳои барои мо номаълум ҳозир нашуд", мегӯяд писари Иззат Амон.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябр Иззат Амонро ба 9 сол зиндон маҳкум карда. Парвандаи ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" баррасӣ шудааст. Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.
Тарафдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва аз баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.