Мақомоти интизомии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, озод кардаанд.
Комилҷон Юлдошев, сокини шаҳри Исфара рӯзи 16-уми ноябр дар фурудгоҳи Домодедово дар Маскав дастгир шуд ва ба ӯ гуфтаанд, ки “аз тарафи мақомоти Қирғизистон ҷустӯҷу мешавад ва дархости дастгир ва истирдод кардани ӯро доранд.”
Яке аз хешовандони Комилҷон Юлдошев рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ субҳи имрӯз озод шудааст. Худаш ҳам дар суҳбати кутоҳе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздоштгоҳ берун омадааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ бо нашри як баёнияи кутоҳе дар вебсайти расмиаш гуфт: "18 ноябри соли 2021 дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид."
Комилҷон Юлдошев, сокини деҳаи Сурхи Исфара ва дар марз бо Қирғизистон аст. Хешовандонаш мегӯянд, ки мақомоти Қирғизистон Юлдошевро ба ширкат дар муноқишаҳои хунин дар марз дар моҳи апрели имсол муттаҳам мекунанд, ки ба қавли онҳо иддаои беасос аст. Ба қавли онҳо Комилҷон дар ягон ҷанҷолу муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур надоштааст.
Рӯзе пештар аз ин сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди муроҷиати наздикони Комилҷон Юлдошев "ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Фурудгоҳи Домодедово ҷиҳати мушаххас кардани масъала дархост фиристоданд.”
Комилҷон Юлдошев ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дастгир шудааст. Чанде пештар аз ин Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро озод карданд, ки ӯ низ бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраевро баъди муроҷиати онҳо ба Додситонии кулли Русия раҳо карданд.
Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дастгир карда, чанд моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошт. Ӯро моҳи июни имсол озод карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр бо ирсоли номае аз Додситонии кулли Қирғизистон хостааст, "ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад." Тоҷикистон низ боздошти чанд шаҳрванди Қирғизистонро аз Русия дархост кардааст.
Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.
Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.