Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диловар Ҷӯраев гуфт, Русия ӯро бо як шарт озод кардааст. САДО


Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд.
Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд.

Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд, рӯзи 16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Вале Ҷӯраев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии Русия ӯро "бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист" озод намудааст.

Диловар Ҷӯраевро 8-уми ноябр дар шаҳри Новосибирск дастгир карданд. Ӯ шаш моҳ боз мавриди пайгарди Қирғизистон буд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд, Русия ӯро барои муҳокима ба Қирғизистон супорад. Бо ин дархост, ӯро чанд бор дар Русия барои бозпурсӣ муддати кӯтоҳе боздошт карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Диловар Ҷӯраеви 52-сола баъди муроҷиати онҳо ба Додситонии кулли Русия озод шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим

Диловар Ҷӯраев пас аз раҳо шуданаш аз боздоштгоҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, назди пайвандонаш дар гирди дастурхон нишастааст. Вай афзуд, раҳоияш поёни кор нест, чунки додситонӣ ӯро ба шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод кардааст.

Диловар Ҷӯраев ҳамчунин гуфт: “Шаҳрвандии маро беэътибор карданд ва дар сурати лағв шудани қарори истирдод, имкон пайдо мекунам, ки дубора барои дарёфти шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод кунам.”

Додситонӣ аз мақомоти Русия изҳори сипос кардааст, ки дархости онҳоро нодида нагирифтааст. Аз ин пештар ва дар рӯзи 13-уми ноябр Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае аз мақомоти Русия хост, Диловар Ҷӯраевро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, аз боздошт озод кунанд, зеро ӯ бегуноҳ аст.

Додситонӣ гуфт, иддаои мақомоти Қирғизистон, ки Диловар Ҷӯраеви 52-сола дар ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва таъйину аломатгузориношудаи байни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон даст дорад, "беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст".

Баёнияҳои Додситонии кулл баъди он нашр шуд, ки Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бо муроҷиат ба Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон аз ӯ тақозо кард, то нагузорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз дар кишвар поймол шавад.

Дар номаи расмӣ, ки рӯзи 11-уми ноябр аз идораи мазкур ба Тоҷикистон фиристодаанд, сухан дар бораи Саидаҳмад Ортиқов ва Нуъмон Самадов, ду шаҳрванди Қирғизистон меравад, ки моҳи сентябр марзбонони тоҷик дастгир кардаанд.

Дар баёнияи ҷониби Қирғизистон омадааст, “Наргиза Ортиқова, ҳамсари Саидаҳмад Ортиқов, мегӯяд, шавҳари ӯ ва домодаш Нуъмон Содиқов то кунун ба хона барнагаштаанд ва дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, вале иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешаванд ва онҳоро шиканҷа мекунанд. “

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.

Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

XS
SM
MD
LG